• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкасбони азиз, бонувони заҳматқарину шарафманди соҳаи роҳу нақлиёт!

Рӯзи пурфайзи баҳорӣ - Рӯзи Модарро ба якояки Шумо ва дар симоятон ба кулли бонувону модарони кишвар шодбош мегӯям.

Зан-модар беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан – модар нуҳуфтааст». Басо рамзист, ки Иди Модар бо саршавии фасли зебои сол бањори нозанин рост омадааст, гарчанде он таърихи дигар, яъне рӯзи озодии занонро дорад.

Ба туфайли ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худшиносӣ, эҳёи анъана ва ҷашнҳои қадимаи миллӣ баъд аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи Аҷам дар баробари идҳои дигар, ки сол ба сол ба маросимҳои бунёдсозию ободонии Тоҷикистони азизамон табдил ёфтаанд, таҷлили Рўзи Модар низ ба ҳукми анъана даромадаст. 

Муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои миллат дорад, ки онро аз Рӯзи Бонувон ба Рӯзи Модар табдил дода, дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон мефармоянд: «Ҷомеае, ки ба Зан - Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар - ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳост. Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш доштанд, саранҷом аз бузургии зан - модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Умуман, занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Сарвари хирадманди кишварамон ба матонати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст». Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мақоми зан дар ҷомеа болосту барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омадаанд. Бонувони кишвар ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф гардида, иштироки онҳо дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир аст.

Аз дастгириҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа, Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои зерсохтораш низ дар канор намонда, таъмини духтарону ҷавонзанон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардидааст. Айни замон дар тамоми корхонаҳои вазорат 37 фоизи кормандонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати нақлиёт 7 бону кор карда, натиҷаҳои заҳматашон аз мардон камтар нест.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳар кадомашон изҳори сипос намуда, бо боварии том мегӯям, ки минбаъд низ барои ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба кор ва шароити хуби корӣ фароҳам овардан барояшон аз тамоми имконот истифода хоҳем кард.

Шумори бонувони фаъолу меҳнатдўсти соҳа низ кам нест, ки дар рушди соҳа ҳиссагузоранд. Дар остонаи Рўзи Модар барои дар баробари мардон заҳмат кашиданатон номи ҳар яки Шуморо бо ифтихор ба забон мегирам ва ба ҳамаи Шумо, бонувони соҳа, барои дар қатори мардон заҳмат кашиданатон миннатдорӣ ва ташаккури бепоён баён медорам. 

Имрӯзҳо шоҳиди ҳолем, ки дунявияту демократӣ будани сохти давлатдории мо барои занонамон имкон медиҳад, ки на танҳо сари фармони автомобил нишинанд, балки дар соҳаҳои муҳимтари роҳу нақлиёт қобилияти худро нишон диҳанд.

Сафи бонувони ронанда рӯз ба рӯз бештар гардида, мувофиқи маълумоти оморӣ, занони ронанда нисбат ба мардон воситаи нақлиётро баэҳтиёттар меронанд, ки аз ин ҳисоб шумораи садамаҳо хеле коҳиш ёфтааст. Ба ин хотир ҳар сол дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Автобону» баргузор мегардад, ки дар он бонувони ронанда маҳорати худро месанҷанд.

Албатта, ин танҳо як мисоли одии шарофати ҳузури занон дар ҷамъият аст. Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешавад, мардон нисбат ба кору фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд.

Чун озодагиву покизагии рӯзгору тарбияи фарзандон аз Шумо, бонувони азиз, вобаста аст, даъват ба амал меорам, ки дар пешгирии вабои аср, бемории шуш ё ба истилоҳ «коронавирус», ки имрӯз тамоми ҷаҳонро дар ташвиш гузоштааст, низ ҳушёру омода бошед.

Маҳз бо шарофати  шумо бонувон,  дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана дорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқӣ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

 

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,

Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.

 

Бонувони заҳматкаши соҳаи нақлиёту роҳ, бори дигар Рӯзи Модар бароятон ҳумоюн бод! Бахту саодат, сиҳативу солимии аҳли хонадон ва осудагии кишвари ҷононҷон насибатон бод!

Идатон муборак, бонувони арҷманд!