• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкасбони азиз, кормандони бошарафи маҷмааи нақлиёт!

Вазорати нақлиёти кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои роҳсозону  нақлиётчиён ва роҳиоҳанчиён нақшаву тадбирҳои таҳия ва тарҳрезишударо имсол низ мувофиқи имкон ва сарбаландона амалӣ намуданд.

Дар соли 2019 заҳматкашони маҷмааи нақлиёту роҳ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд, ки боиси сарфарозии ҳар яки мост.

Дар Паёми соли гузашта Пешвои муазами миллат дастур доданд, ки Ҳукумати кишвар ва кормандони нақлиёт «минбаъд бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад».

Ин дастурот сармашқи коримогардида баҳри амали намуданашон як зумра корҳо дар соли 2019 анҷом дода шуданд

Дар ин маврид ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 19 млн 500 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ  547 ҳазор мусофирро ташкил дода, зиёда аз 1625 адад субъектҳои хоҷагидор  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 215 корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 90 мусофирбарӣ  фаъолият карда истодаанд. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки тоҷикию туркӣ оид ба истеҳсоли автобусҳои муосири  тамғаи “Акиа” бо иқтидори истеҳсоли солонаи 250-300 адад,  ташкил намуди 12 ҷамъияти хусусӣ оид ба хизматрасониҳои автомобилҳои сабукрави “таксӣ” дар нақлиёти истифодаи умуми шаҳрӣ,  аз дастовардҳои нақлиётчиён  дар соли ҷорӣ мебошад.  Аз 10 то 15 августи соли  2019  дар масири Термиз -Турсунзода- Душанбе-Кулоб-Хоруғ-Кулма -Қаросу(Хитой)  автораҳпоӣ гузаронида шуд. 

Ҳамчунин самти мувофиқи роҳи оҳани лоиҳаи сармоягузории сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи Ҷ.Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён муайян гардид. Дар ин замина, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани масири асосии Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) - Панҷи Поён (Тоҷикистон) - Шерхон Бандар (Афғонистон)” ба тавсиб расидааст. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла: дар арафаи ҷашни 28 умин солгарди рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангӣ-фароғатии назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кўлоб “Хуталон” бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир сохта шуда, бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо асфалтпўш-37,6 километр, шағалпўш-159,1 километр, таъмири ҷорӣ-5593 километр, таъмири пул-120 адад бо дарозии 3735 метри тулонӣ ва таъмири қубур-178 адад бо дарозии 1501 метри тулонӣ иҷро гардид.

Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳҳо иҷро гардид, ки Сарвари давлат дар Паёмашон низ онро таъкид карда буданд “Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд”.

Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар давоми соли 2019 таҷдиди роҳ ба дарозии 49,2 км бо сохтмону таҷдиди 6 адад пул бо дарозии 445 м/т ба истифода супорида шуданд, ки  таҷдиди роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг, таҷдиди қитъаҳои боқимондаи роҳи автомобилгарди Конибодом-Патар дар доираи лоиҳаи “Таҷдиди р/а Хуҷанд-Исфара” аз зумраи онҳо мебошанд.  

 

Аз  ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмону таҷдиди иншооти зиёд  дар соли 2019 оғоз гардиданд,  сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-Ш.Шоҳин, Шкев-Қалъаихумб, долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба онҳо шомиланд. Дар 10 моҳи соли 2019, дар соҳа 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумилоиҳавии 627 149,04 ҳаз.дол.ИМА тибқи Созишномаҳои қарзӣ/грантӣ ва 502 402,96 ҳаз.дол.ИМА  мавриди татбиқ қарор дошта ба номгўи лоиҳаҳои амалишудаистодаи соҳа 2 лоиҳаи ворид карда шудаанд.

Ҳамкасбони муҳтарам, дастовардҳои маҷмааи нақлиётро метавон боз идома дод, вале бо овардани намунаҳои зикршуда иктифо намуда, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар Ватанамон, бо роҳбарии Сарвари хирадманду созандаи кишварамон, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд.

Пайёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки тамоми нукоти муҳими зиндагиамон дар он зикр гардидааст, моро маҳз барои иҷрои амалҳои ояндасоз ҳидоят мекунад ва аз ҷумла моро дастур доданд, ки , “Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Итминони комил дорем, ки бо саҳю талоши кормандони шарафманди соҳа чиҳати амалӣнамудани ин супориш камари ҳимат хоҳем баст.

Муҳтарам ҳамкасбон, дар фарҷом Соли нави мелодиро ба ҳамаи шумо ва аҳли хонаводаву кули мардуми кишвар  гуфта, бароятон осудагии хонадон ва муваффақияти корро таманно дорам.

 

                                                                             

Бигузор мушкилоти рўзгор бо соли куҳна бадар шуда, Соли нави мелодӣ бо хушиҳои зиндагӣ ва оромиву тансиҳатиро ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ дастовез орад.

Соли нави мелдодӣ муборак ҳамдиёрон ва ҳамкасбони азиз!