• Tajik
  • Русский
  • English

Роҳсозони зафарманди  кишвар!

  Боиси сарфарозист, ки имсол Иди касбии роҳсозон дар шароите таҷлил мегар­дад, ки тамоми мардуми кишвари азизамон 30 - солагии Истиқлоли давлатиро бо як шукуҳу шаҳомат дар фазои сулҳу субот ва оромӣ таҷлил намуданд.

  Чорабиниҳои мутантани ҷашнӣ ва бахусус роҳпаймоии аҳли заҳмати кишвар нишоне аз пешрафти кишвари азизи мо дар давоми соҳибистиқлолӣ аст.

  Дар зарфи 30 сол тоҷикистониён таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, равобиту ҳамкориҳои байналмилалӣ  бемайлон пеш рафта, барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муборак бо азми қавӣ ва суббот талош меварзиданд.

  Чун ба хотири ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти соҳаҳо пеш аз ҳама таъмини равуо ва равобити дохилиҳумҳуриву хориҷӣ зарур буд, Сарвари давлат хеле дақиқкорона дарк намуд, ки заминаи ин ваҳдат ва созандагиҳоро бояд омода кард. Ў пайгирона аҳли кишварро ба ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аввал аз ҳама дар соҳаи роҳу иртибот, даъват кард ва Ҳукумати кишварро муваззаф намуд, ки «… дар хусуси бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои худмаблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».

  Таҳти ҳидояту ташаббуси Пешвои муаззами миллат ин ҳадафҳо марҳила ба марҳила пиёда гардида, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби Шаҳристон Сардори давлат бо ҳисси ифтихорот эълон доштанд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромада, ба як кишвари воҳид табдил ёфт.

  Ин сиёсати хирадмандони Роҳбари давлат мавқеи устувору калидӣ дорад, зеро Тоҷикистон чун чорсӯи Роҳи Абрешим дар ҷаҳон маълум аст ва масофаи кӯтоҳтарин пайвасти мамолики ҷанубу шимоли Осиёро бо Шарқи наздику Аврупо таъмин менамояд.          Аз ин лиҳоз равнақи шоҳроҳҳои транзитӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки бо харҷҳои камтарин ба уқёнус ва бандарҳои баҳрӣ баромада, доираи бозори худашонро густариш ва мавқеашонро дар минтақа устувор гардонанд.

  Боиси ифтихори мо кормандони соҳаи роҳсозист, ки дар даврони истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари тоҳикони дунё ва заҳмати шабонарўзии роҳсозон чӣ қадар роҳу пул сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҳаҳони мутамаддин пайваст намуданд. Роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма, Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе – Бохтар - Дўстӣ – Панҷи Поён, Душанбе - Ваҳдат – Ҳиргатол – Сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Турсунзода – Сарҳади Ўзбекистон, пулҳои автомбилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз зумраи ин роҳҳоянд, ки моро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст месозанд ва ҳанўз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳо идома дорад.

  Дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардидаанд.

  Бояд зикр намуд, ки дастёбии дигари бузург  дар соҳаи  роҳсозӣ ин пайваста  мавриди таҳкимбахшию устуворгардонӣ қарор гирифтани иқтидорҳо ва арсаи техникии муассисаҳои давлатӣ  мебошад. То ба имрўз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар Вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти  пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.

  Бояд гуфт, ки роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд.

  Ҳамкорони арҷманд, кормандони  соҳаи роҳсозии кишвар, барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлоли Тоҷикистон ба яко яки шумо ташаккури бепоён мегӯям ва та­манно дорам, ки ба хотири ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар мубориза ба муқобили густа­риши хурофот, зоҳирпарастӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ, исрофкорӣ ва ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъол­тар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии бехатару пурсамар барои халқи кишвар ва барои таъми­ни саодату иттиҳоди мардум ҳар яки мо дар масири ободии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоем.

   Бори дигар рӯзи роҳсозонро бароятон табрик мегӯям!