• Tajik
  • Русский
  • English

Роҳсозони  шарафманди кишвар!

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки ҳамасола таҷлили ҷашни фархунда - Иди касбии роҳсозон ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар рост меояд. Шумо ва дар симоятон аҳли хонадонатонро ба Иди касбии роҳсозон шодбош мегӯям.

Иди касбии роҳсозон дар шароите таҷлил мегардад, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, равобиту ҳамкориҳои байналмилалӣ  бемайлон пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо азми қавӣ ва субот талош меварзанд.

Дар қатори дигар соҳаҳо роҳсозони кишвар низ дар давоми 29 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гаштанд. Сардори давлат бо азми қатъӣ бунёду сохтмон ва эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд: «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои Истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Ин гуфтаҳоро Пешвои муаззами миллатамон марҳила ба марҳила амалӣ намуданд ва Тоҷикистонамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

 Боиси ифтихори мо кормандони соҳаи роҳсозист, ки дар даврони Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари тоҷикони дунё ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон чӣ қадар роҳу пул сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст намуданд. Роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма, Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе – Бохтар - Дӯстӣ – Панҷи Поён, Душанбе - Ваҳдат – Ҷиргатол – Сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Турсунзода – Сарҳади Ӯзбекистон, пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз зумраи ин роҳҳоянд, ки моро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст месозанд ва ҳанӯз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳо идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки дастёбии дигари бузург  дар соҳаи  роҳсозӣ ин пайваста  мавриди таҳкимбахшию устуворгардонӣ қарор гирифтани иқтидорҳо ва арсаи техникии муассисаҳои давлатӣ  мебошад. То ба имрӯз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар вазорат амалӣ шуданд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти  пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.

Бояд гуфт, ки роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳкам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд.

Ҳамкорони арҷманд, кормандони  соҳаи роҳсозии кишвар, барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ба якояки шумо ташаккури бепоён мегӯям ва таманно дорам, ки ба хотири ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар мубориза ба муқобили густариши хурофот, зоҳирпарастӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ, исрофкорӣ ва ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъолтар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасонии бехатару пурсамар барои халқи кишвар ва барои таъмини саодату иттиҳоди мардум ҳар яки мо дар масири ободии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоем.

 

Бори дигар рӯзи роҳсозонро бароятон табрик мегӯям!