• Tajik
  • Русский
  • English

Таманниёти 

вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Азим Иброҳим ба ифтихори Рӯзи Модар. 

 

Ҳамкасбони муҳтарам, бонувони 

заҳматкаши соҳаи роҳу нақлиёт! 

     Басе рамзист, ки Иди Зан - Модар бо саршавии фасли зебои сол баҳори нозанин рост омадааст, гарчанде он таърихи дигар, яъне рӯзи озодии занонро дорад.

     Боиси хушнудии ҳар як тоҷикистонист, ки Рӯзи Модар дар низоми умумии ҷашнҳои баҳорӣ, ки аз Сада шурӯъ гашта, бо Наврӯзи оламафрӯз ба охир мерасанд, ҳамасола таҷлил мегардад ва пайки бедории табиат, сабз ва рӯишро ба фард-фарди миллат мерасонад. Ба туфайли ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худшиносӣ, эҳёи анъана ва ҷашнҳои қадимаи миллӣ баъд аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи Аҷам дар баробари идҳои дигар, ки сол ба сол ба маросимҳои бунёдсозию ободонии Тоҷикистони азизамон табдил ёфтаанд, таҷлили Рӯзи Модар низ ба ҳукми анъана даромадаст. 

     Ҳар яки мо ҳамчун фарзанди олиҳаи зебоию муҳаббат – яъне, Зан-Модар аз он ифтихор дорем, ки дар радифи ҷашнҳои бузургамон Рӯзи Модар яке аз идҳои муҳим ва ботантанаи мо мебошад. Чунин муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои миллат дорад, ки дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон фармуда буданд: «Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем».

     Дар умқи ин сатрҳо чӣ қадар меҳру муҳаббат, чӣ қадар садоқату эҳтиром ба ҷинси латиф ниҳон аст! Оре, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш гирифта, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, боз дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, бо камоли садоқатмандӣ вайро мададгорӣ менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир Зан-Модар нисбат ба мард имтиёз ва бартарӣ дошта, соҳиби мақому мартабаи муқаддасу беназир гардидааст.

     Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти ҳамин нуктаҳои муҳим масъалаи нигоҳ доштани манзалат ва мақоми занро як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувони болаёқат, дастгирии ташаббуси онҳо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла роҳу нақлиёт ва ғамхорӣ нисбат ба оиларо аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.

     Аз ин аст, ки дар Паёми имсола Сарвари давлат қайд намуданд: «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

     Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

     Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

     Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. 

     ..Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.»

     Ман ҳамчун роҳбари соҳа имрӯз бо дили пур гуфта метавонам, ки дар Вазорати нақлиёт дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини духтарону ҷавонзанон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардида истодааст.

     Барои он ки бартарии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатамон аз бисёр давлатҳои дунё равшантар ба назар расад, аз соҳаи худамон як мисоли одӣ меорам.

    Хушбахтона, мо имрӯз мушоҳида менамоем, ки сафи бонувони ронанда рӯз ба рӯз бештар гардида, мувофиқи маълумоти оморӣ, занони ронанда нисбат ба мардон воситаи нақлиётро баэҳтиёттар меронанд, ки аз ин ҳисоб шумораи садамаҳо хеле коҳиш ёфтааст.

     Албатта, ин танҳо як мисоли одии шарофати ҳузури занон дар ҷамъият аст. Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешавад ва мардон нисбат ба бахши фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд.

     Барои ҳамин яке аз устодони сухани воло Мирзо Турсунзода фармудаанд, ки:

     Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

     Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд!

     Дар ин рӯзи барои Шумо, хоҳарон ва модарони азиз, ободии хонадон, камолоти фарзандон, тансиҳатии комил ва осудагии дилу ҷонро таманно менамоям.

 

     Идатон ҳумоюн бод, бонувони арҷманд!