• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони сарбаланди маҷмааи нақлиёт!

  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол низ аксари вазифаҳои бардӯшдоштаашро бошарафона иҷро намуд. Дар асоси сиёсати бунёдкоронаву созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тадбирҳои таҳия ва тарҳрезишуда амалӣ гаштанд.

  Имсол, ки соли ҷашни фархундаи 25- солагии Истиқлоли давлатии Ватанамон буд, кормандони маҷмааи нақлиёт онро бо дастовардҳои зиёд истиқбол гирифтанд. Чунончӣ, иншооти муҳим – барқарорсозии роҳи Восеъ – Ховалинг (88 км) ва сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат Ёвон – 40,7 км) анҷом пазируфта, бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин барқароркунии 10,5 км роҳи Рашт – Навобод ва пул аз болои дарёи Сорбоғ анҷом ёфт. Чанде пас сохтмони қитъаи мушкилгузари роҳи Кӯлоб – Қалъаихум, қисмати Шӯрообод – Шоҳон, ба анҷом хоҳад расид. Дар иншоот беш аз 90 дар сади корҳо ба охир расидаанд.

  Дар маҷмӯъ соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 98,5 км роҳи автомобилгард, 13 пули мошингард, 40,7 км хатти роҳи оҳан, 3,7 км нақби роҳи оҳан ва 5 пули роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.

  Ба хотири таъмири роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки барқарорсозии 30 км чунин роҳҳо дар Восеъ ва Ховалинг ва 60 км дар Айниву Панҷакент аз ҳамин зумраанд.

  Дар соли сипаришуда, мутаассифона, бар асари офатҳои табиӣ 489 км роҳ, 67 пул ва 5 лӯлаи обпарто хароб гаштанд. Пас аз корҳои барқарорсозиву таҷдид дар доираи маблағҳои нигоҳдории роҳҳо қариб 450 км роҳ 19 пул, 5 лӯлаи обпарто барқарору эҳё карда шуданд.

  Дар умум дар соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида барои нигоҳдории роҳҳо 178,3 км - таъмири асосии роҳҳо (68 км – буҷети ҷумҳурӣ, 32,8 км – буҷети маҳаллӣ ва 60 км аз ҳисоби лоиҳаи сармоягузории роҳи Айнӣ - Панҷакент), 139,1 км - таъмири миёна ва 5 ҳазору 526,5 км таъмири ҷорӣ дар масоҳати 112 ҳазору 483 мгузаронида шуд.

  Хидматгузории соҳаи нақлиёти автомобилӣ низ аз солҳои пештара дида беҳтар гашт. Алҳол дар кишвар 244 коргоҳи нақлиёти автомобилӣ, 64 терминали мусофирбариву боркашонӣ дар 817 хатсайр дар хидмати мардум қарор доранд.

  Ба хотири пешрафти соҳаи ҳавопаймоӣ бошад, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ шуданд. Яъне бо кумаки Ҳукумати кишвар ба мамолики Покистону Афғонистон, Руссия ва Чин 5 хатсайри нави парвозҳо ифтитоҳ гаштанд. Дастоварди дигар ин аст, ки аз ҷониби Ташкилоти ИКАО дар фаъолияти соҳа беш аз ду фоиз болоравии махсус қайд гардид.

  Алҳол амалӣ кардани лоиҳаи сармоягузорӣ – таҷдиду ҷиҳозонидани техникии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (бунёди терминали боркашонӣ) ва беҳтарсозии хизматрасонии аэронавигатсионӣ идома дорад.

  Ҳамкасбони муҳтарам, рӯйхати дастовардҳои маҷмааи нақлиётро метавон боз идома дод, вале бо овардани намунаҳои зикршуда иктифо намуда, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар Ватанамон, бо роҳбарии Сарвари хирадманди кишварамон, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд.

  Соли нави мелодиро барои ҳар кадоми шумо, ба аҳли хонавода ва пайвандонатон табрик гуфта, бароятон саодати зиндагиву хушбахтиҳо ва комёбиҳои тоза таманно мекунам.

   Бигузор соли куҳна тамоми ғаму андуҳ ва мушкилоти рӯзгорро бо худ бадар карда, Соли нави мелодӣ шодиву фараҳ, осудагии кишвару аҳли  хонадони шумо ва муваффақиятҳои корро барои ҳар яки мо бо худ дастовез орад.

      Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!