• Tajik
  • Русский
  • English

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Чунин мукофотҳо ба кормандони соҳаҳои дигар, дар вазорату идораҳо аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумат тақдим гардиданд. Хушбахтона кормандони соҳаи нақлиёт низ бо чунин мукофотҳо сарфароз гардиданд. Дар қатори ин коргарон аз соҳаи нақлиёт Абдуллоева Хурсанд Ҳабибуллоевна - сардори гуруҳи лоиҳакашии иншооти  сарироҳӣ  ва  шабакаҳои  муҳандисии  КВД  «ПЛИН»     бо  медали «Хизмати  шоиста»  сарфароз    гардид.  Мукофотро  ба  мавсуф  дар  толори Вазорати нақлиёти кишвар бо иштироки вазири нақлиёт   Азим Иброҳим ва аҳли кормандон   муовини  сарвазир Усмоналӣ Усмонзода  аз номи Сарвари давлат тақдим намуд.

  Дар маросими мукофотсупорӣ муовини сарвазир хизматҳои шоёни таҳсини корманди  соҳаро  махсус таъкид кард.

  Дар  фарҷом муовини Cарвазир   бори дигар ҳамаи нафароне,  ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти соҳа аз ҷониби  роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

  Вазири  нақлиёт  Азим   Иброҳим   бо   итминон   иброз   дошт,   ки ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу  суботи  ҷомеа,  пешрафти  иқтисодиёти  кишвар  ва  дигар  ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд ва мукофотҳои давлатиро дар оянда кормандони бештаре сазовор хоҳанд гашт.