• Tajik
  • Русский
  • English

Бо Фармонҳои Президенти кишвар аз 31 августи соли 2020 №1589 вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод ва Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар таъин гардиданд.

Вазири нави нақлиёт Азим Иброҳимро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба ҳозирин муаррифӣ карда, қайд намуданд, ки таҷрибаи кории Азим Иброҳим ба ҳайси роҳбар дар соҳаҳои гуногун хеле калон аст, аз соҳаи нақлиёт ҳам, ҳангоми муовини Сарвазир кор кардан ба ҳайси сарпараст хуб огоҳӣ дорад. Аз ин хотир итиминон дорем, ки дар пешрафти кори соҳа як таконе ворид хоҳад кард. Сарвазир ҳамчунин барои заҳаматҳои беназир ва фаъолияти пурсамар дар пешрафти соҳа ба собиқ вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр аз номи Роҳбарияти давлат арзи сипос намуда, қайд кард, ки умедворем, ки минбаъд низ ҳамкориро идома хоҳем дод.