• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз 23-юми январ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва  Худоёрзода Худоёр Завқибек вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

  Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Ёрова Зулфия Мамаднабиевна аз вазифаи муовини вазир озод ва Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон муовини вазири нақлиёт таъин карда шуд.

  Вазир ва муовини  навтаъинро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Азим Иброҳим  муараффӣ намуд.