• Tajik
  • Русский
  • English

  Рўзи 13- уми сентябри соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи роҳсозон бо иштроки вазири нақлиёт Азим Иброҳим  кормандони соҳаи роҳсозӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

  Нахуст Азим Иброҳим ҳамагонро бо ин рўз, ки бо ҷашни 30- солагии Истиқлоли кишвар иттифоқ афтода буд, табрик гуфта, оид ба роҳи тайкардаи соҳа дар даврони Истиқлол ва пеш аз он сухан намуд.

  Сипас, сардори ХДНТ дар соҳаи нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода ва собиқадори соҳа Муҳаммад Ҳабибов аҳли нишастр бо иди касбӣ табрик гуфта, барoяшон аз хотироти хеш оид ба сохтмони роҳҳо киссаҳо карданд.

  Ҳамчунин кормандони беҳтарини соҳа бо  нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ» ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.