• Tajik
  • Русский
  • English

 

         Рӯзи 16 уми ноябр дар Вазорати нақлиёти кишвар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки онро вазири нақлиёт Азим Иброҳим оғоз бахшида, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфт. Дар ҷаласа ҳамчунин меҳмонон Кароматуллои Олим – Академики академияи илмҳои ҶТ, Муҳтарам Ҳотам – адиби шинохта, шоир ва олим, Хонзода Абдураҳмон - раиси Дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Абдулло Ғаффоров – номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИҶТ ва дигар кормандони масъули Вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.

            Вазири нақлиёт ва меҳмонони даъватшуда оид ба  саҳми арзандаи  Президенти мамлакат дар пойдории сулҳу субот ва осоиштагиву гулгулшукуфоии кишвар, пешрафти зиндагии мардум ва пайвастани Тоҷикистон ба ҷаҳони мутамаддин  суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат  расида, дар партави ҳидоятҳояшон софдилона ба халқу Ватан хизмат намоянд.