• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 март вобаста ба таҷлили  ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Модарон таҳти раёсати Азим Иброҳим ҷаласаи кормандони  соҳаи нақлиёту роҳ баргузор гардид.

   Вазири нақлиёт нахуст бонувони соҳаро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо барои пешрафти кори соҳа ва саҳми онҳо дар тарбияи насли ояндаи таманиёт изҳор намуданд.

Сипас фаъолзанони ҳамаи сохторҳои Вазорат инчунин ғолибони озмуни “Бонуи ҳунарманди соҳа” бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадр гардиданд.

  Дар фарҷоми ҷаласа собиқадорони соҳа Робия Завқиева, Наҷотхон Исомуддинова, Фароғат Ибрагимова ва Нуринисо Бобоева аз номи кулли бонувон барои қадрдонӣ ба роҳбарияти Вазорат изҳори сипос намуданд.