• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар толори фарҳангии Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

  Нахуст, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта,  аз дастовардҳои соҳаи роҳи оҳан дар давоми си соли Истиқлол ёдовар шуд.

   Сипас, вазири нақлиёт Азим Иброҳим аҳли нишастро бо фарорасии ҷашни таърихӣ- 30 – солагии Истиқлоли кишвар  шодбош гуфта, қайд намуд, ки Истиқлолият ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ василаи беҳтарини шинохти миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ба даст овардани онро омили муҳими рушди арзандаю устувор метавон эътироф намуд. Дар ин самт мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, онро метавон механизми тақвиятбахшандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ номид.

  Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст. Агар ба таърихи соҳаи нақлиёти роҳи оҳан назар андозем, дастовардҳои он дар даврони Истиқлол хеле зиёданд.

  Таърихи роҳи оҳани тоҷик аз соли 1929 аз анҷом ёфтани сохтмони хатти роҳи оҳани Термиз-Душанбе оғоз гардид, ки нахустин қатораи коргарӣ, баъдан аввалин қатораи мусофирбарӣ худи ҳамон сол ба ҷойи ҳозираи вокзали Душанбе омада расид.  Қобили қайд аст, ки имрӯз роҳиоҳанчиёни кишвар новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, дар ободии кишвар саҳми арзанда доранд. Чунончӣ, дар самти таҷдид ва нигоҳдории пулҳо ва ободонии гулгаштҳои шаҳри азизамон Душанбе корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд. Имрӯзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон бо саъю кушиш ва ҷаҳду талоши роҳбарияти он дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба пешравию дастоварҳои нав ба нав ноил шуда истодааст. Мо боварии комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона ба хотири пешравии соҳа ва дар маҷмуъ ба болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.- гуфт Азим Иброҳим.

  Дар фуроварди ҷаласа як қатор кормандони соҳа, ки дар пешрафту рушди он саҳми арзанда доранд, бо нишонҳои сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Ифтихорномаҳои Вазорати нақлиёт, Ифтихорномаи сардори роҳи оҳан ва дигар мукофотҳову ҷоизаҳо  сарфароз гардиданд.