• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 26 марти соли 2021 тариқи маҷозӣ ё видеоконфронс  Шартномаи “Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар”-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Дай Ниппон Констракшн” аз ҷониби вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби мененҷери генералии раёсати байналмилалии ширкати “Дай Ниппон Констракшн” Ҳидеми Ҳатано ба имзо расид. Ин як гом дар самти дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар “Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ” мебошад.

        Дар натиҷаи ҳадафмандона ба роҳ мондани якчанд даври гуфтушунидҳо бо масъулини Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, ки аз соли 2016 оғоз гардидаанд, Ҷопон сармояро дар шакли грант барои “Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” ҷудо намуд. Дарозии роҳ дар қитъаи мазкур 9,2 км-ро ташкил дода, аз ҳудуди шаҳри Бохтар то наздикии пул аз болои дарёи Вахш ба самти ҳаракат ба шаҳри Душанберо бо назардошти васеъкунонии роҳи автомобилгарди мавҷуда аз 2 хати ҳаракати нақлиёт ба 4 хат дарбар мегирад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 22 моҳро ташкил намуда пурра  анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор додани он 26 январи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

  Маблағи умумии лоиҳа бо назардошти хароҷоти машваратӣ-лоиҳакашӣ  ва пудратӣ-сохтмонӣ дар маҷмӯъ 3 349 000 000,00 иени ҷопонӣ ё ин ки 30149000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  Тендери лоиҳаи мазкур бо риояи тамоми қоидаҳо гузаронида шуд.