• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкасбони азиз, аҳли заҳмати маҷмааи нақлиёту роҳ!

Соли 2020 барои мардуми кишвар ва ҳатто ҷаҳон як соли ғайримуқаррарӣ буд, ки дар хотираҳо дер боз нақш хоҳад баст. Ба мушкилоти маҳдудияти рафтуомад ва фаъолият дар ҳамаи самтҳо вобаста ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус нигоҳ накарда, пешравиҳо дар ҳаёту фаъолияти мардуми шарифи кишварамон кам нагардид. Бахусус, бо заҳмату талошҳои Сарвари хирадмандамон, Пешвои муаззами миллат интиқоли бору маҳсулот чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он пайваста таъмин гардида, дар мавриди авҷи бемории ҳамагир мардум аз дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти давлат дар канор намонданд. Ин буд, ки дар Тоҷикистони азизамон нишондиҳандаҳои гирифторӣ ба ин вабои аср ва талафоти ҷонӣ нисбат ба дигар кишварҳо хеле кам аст. Ба ҳамаи маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, сохта ба истифода додани чандин иншооти маданиву маишӣ ва аҳамияти иқтисодидошта дар кишвар ҳанўз ҳам идома дорад ва пешравиҳо ҳамоно рўз аз рўз меафзоянд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ин сол тоҷикон Сарвари худ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб намуданд, ки ин дастоварди муҳимтарини сол буд. Пешвои миллат ин падидаро дар маросими савгандёдкунӣ ба фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерўи воқеан бузург табдил ёфтани ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки «Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад».

Дар қатори дигар соҳаҳо роҳдорону роҳсозон ва нақлиётчиёни кишвар ҳам аз суханони Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, шабу рўз дар талоши он буданд, ки баҳри пешрафти кишвар ҳиссагузор бошанд, зеро рушди иқтисодиёт аз соҳаи мо вобастагии тамом дорад. Кормандони маҷмааи нақлиёт ба хотири он ки дақиқае ҳаракати нақлиёт қатъ нагардад, пайваста заҳмат мекашиданд.

Бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Вазорати нақлиёт имрўзҳо 10 лоиҳаи сармоягузорӣ тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

Соли сипаригардида иҷрои корҳо дар лоиҳаҳои таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 1 ва 2, роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаҳои Кӯлоб - Ш. Шоҳин (А) ва Шкев-Қалъаихум (F), “Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок,” “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ”, сохтмони пулҳо дар ВМКБ қисман ба иҷро расида, алҳол, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Соли 2020 корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз пайкараи А. Сино то дарвозаи ғарбии ш.Душанбе ба анҷом расонида шуда, 10 июли соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи cохтмони роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, қитъаи км 72-158” (Обигарм-Нуробод), қарордод ба имзо расид. Ҳамзамон, дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар ширкати машваратчӣ интихоб шуд,

Санаи 21 августи соли ҷорӣ Пешвои миллат дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шотемури шаҳри Хоруғ (200 м) оғози расмӣ бахшиданд.        

Соли 2020 назорати ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар шароити пандемияи сирояти коронавирус “СOVID-19” бо мақсади пешгирии паҳншавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои таъмини бемамонияти воридот, содирот ва транзити молу маҳсулот тавассути нақлиёти автомобилии байналмилалӣ «Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёти боркаши автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус «СOVID-19» таҳия гардида, дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо тибқи он интиқоли мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ таъмин карда шуд.

Дар умум соли сипаригардида барои мо соли бобарор буд, гӯем, хато нахоҳем кард.

Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди соҳаро бо фарорасии Соли нави 2021 мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳо самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Бигзор тамоми мушкилоти рӯзгор бо соли куҳна паси сар гашта, Соли нави мелодӣ ба хонадони ҳар яки шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкасбони азиз!