• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкорону ҳамкасбони азиз, нақлиётчиёни арҷманди кишвар!

Ҳамасола кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар 25 июл иди касбии худ “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”-ро ҷашн мегиранд. Гарчанд бо пайомадҳои паҳншавии пандимияи коронавирус дар ҷаҳон маҳдудиятҳоро ба миён оварду ҷамъ кардани кормандони соҳа имкон надорад, мехостам тавассати ҳафтаномаи соҳавии “Нақлиёт” ва сомонаи Вазорати нақлиёт табрикоти самимии худро ба кулли нақлиётчиёни кишвар бирасонам.  

Пешрафти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти ягон кишварро бе нақлиёт, бахусус бе нақлиёти автомобилӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар шароити табии кишварамон, ки бештараш куҳсор аст ин алоқамандӣ бараъло дида мешавад.       

Аз ин лиҳоз, аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба  рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он, хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин азнавкунии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши ҷумҳурӣ  аҳамияти аввалиндараҷа дода, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  арзёбӣ гардид.

        Дар ин раванд, бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо бунёд гардидани шоҳроҳҳои автомобилӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, бо пайваст ва таъмин гардидани шабакаи нақлиётӣ ба як кишвари воҳид табдил ёфт.  

Таърихи рўзи 25 июл қайд гардидани иди касбии нақлиётчиён аз он сарчашма мегирад, ки соли 1939 дар ин рўз Қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуд, ки ташаккул ва  фаъолияти он аз марказ идора карда  мешуд.

        Ҳамин тавр, вобаста ба қарори болозикр ҳамасола 25 июл ҳамчун иди автомобилчиён қабул гардида соҳа зина ба зина рушд меёфт.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҳлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ  аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар Паёми худ қайд намуданд, ки  “Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид. Минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҳдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад...”

Дар ин раванд ба инкишофи ҳамаи бахшҳои маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода шуда, рушди инфрасохтори соҳа дар доираи Барномаҳои давлатии рушди соҳа ва стратегияи миллии кишвар амалӣ гардида истодааст.

Аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ агар сухан кунем, хеле зиёданд вале бояд қайд кард, ки айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 1674 субъекти хоҷагидории нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки  аз ин теъдод 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 90 мусофирбар, 131 боркаш, 51 терминали мусофирбар, 11 терминали боркаш, 77 қароргоҳҳои нақлиётӣ ва 1314 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва  таъмир мебошанд.

       Дар самти ҳамлу нақли байналмилаии боркашонӣ бошад, 28 ширкати нақлиёти автомобилӣ фаъолият намуда истодаст.

        Айни ҳол 876 хатсайри мусофирбари шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият дошта, аз ин шумора 175 хатсайри  шаҳрӣ, 580 наздишаҳрӣ ва 119 ба байнишаҳрӣ рост меояд. Инчунин, 17 хатсайри байналмилалии мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудааст.

       Бо мақсади устувор гардидани нақши мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, кушодани хатсайрҳои нави мусофирбарии байналмилалӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт кушодашавии хатсайрҳои нави байналмилалии мусофирбарӣ бо Россия ва Қазоқистон идома доранд.

Айни замон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тибқи Созишномаҳои дуҷониба бо 14 кишвари хориҷи дуру наздик амалӣ гардида, дар маҳмуъ бо 40 кишвари хориҳи дуру наздик ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, лоиҳаи созишномаҳои дуҳониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ ба 9 кишвари хориҷи дуру наздик ирсол гардидааст.

Дар умум, айни замон тариқи 18 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ  ҳаракати воситаҳои нақлиёти байналмилалии автомобилӣ пешбинӣ шуда, бинобар сабаби зуҳуроти касалии сироятии коронавирус “COVID-19” асосан 6 гузаргоҳ (Гулистон, Фотеҳобод, Панҷи Поён, Дустӣ ва Кулма) ба роҳ монда шудааст.

 Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи 4 конвенсия ва 5 созишномаҳои байналмилии бисёрҷониба буда, узви комилҳуқуқи барномаю созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН),  Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), ТРАСЕКА, ҲИМОМ (ЦАРЭС), Долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” (МТК Север-юг), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мебошад.

Масъалаи паҳншавии босуръати пандемияи зукоми сироятии коронавирус «СOVID-19» дар миқёси ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистонро водор намуд, ки ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии вируси мазкур чораҳои таъхирнопазир андешида, назорати воридоту содироти шахсон ва воситаҳои нақлиётро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ маҳдуд ва пурзур намояд.

Инчунин, ҷиҳати ба таври ҳуқуқӣ танзим намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо риояи шарту талаботи зиддиэпидемикӣ тибқи супоришҳои протоколи машварати назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон ва «Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёти боркаши автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус «СOVID-19» фаъолият ба роҳ монда шудааст. Интиқолдиҳандаи борҳои башардустона аз пардохти хизматрасониҳои терминалӣ озод мегарданд.

Дар интиҳо бори дигар қайд менамоям, ки имрӯз нақлиётчиёни кишвар  дар рушди соҳаи нақлиёт ва  ободии кишвар саҳми  арзанда дошта, ҳазорон нафар соҳиби ҷои кор ва  бо меҳнати софдилонаи худ  мавқеъ ва обрӯву эътибори хоса пайдо кардаанд.

       Иди касбии нақлиёти автомобилиро ба ҳама собиқадорон ва кормандони имрӯзаи соҳа табрик гуфта, барои ҳамагон сиҳатмандиву умри бардавом, дили беғаму хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва дар фаъолияти пурифтихорашон комёбиҳо таманно дорам.

 

         Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!