• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳозирини гиромӣ,

Роҳиоҳанчиёни шарафманди кишвар

 

Бо самимияти хос ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо муносибати Иди касбии роњиоњанчиён табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва саодату сарбаландиро таманно дорам.

Агар ба таърихи соҳаи нақлиёти роҳи оҳан назар андозем, дастовардҳои он дар даврони Истиқлолият хеле зиёданд.

Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки солҳои зиёд таҷлил мегардад, дар даврони  Истиқлоли давлатӣ он ҳамасола хотирмон ва дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.

Таърихи роҳи оҳани тоҷик аз соли 1929 аз анҷом ёфтани сохтмони хатти роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе оғоз гардид, ки нахустин қатораи коргарӣ, баъдан аввалин қатораи мусофирбарӣ худи ҳамон сол ба ҷойи ҳозира вокзали Душанбе омада расид. 

Яъне имсол аз бунёди роҳи оҳани мазкур 91 сол сипарӣ гардида, локомотиве, ки айни замон дар саҳни Боғи роҳиоҳанчиён ҷойгир аст шаҳодате аз он рӯзҳо мебошад.

Ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бе нақлиёти роҳи оҳан тасаввур кардан номумкин аст, зеро ҳамарӯза ҳар яки мо бавосита ё бевосита бо нақлиёти роҳи оҳан сарукор ва алоқамандӣ дорем. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тарақиёти ин соҳа аҳамияти махсус дода мешавад.

Қобили қайд аст, ки имрӯз роҳиоҳанчиёни кишвар новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта, дар робита ба мањдудияти ба коронавирус вобаста, ки хатсайрњои байналмилалї баста гардиданд,  дар ободии кишвар саҳми арзанда доранд.

Чунончӣ, дар самти таҷдид ва нигоҳдории пулҳо ва ободонии гулгаштҳои шарҳи азизамон Душанбе корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.

Имрӯзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон бо саъю кушиш ва ҷаҳду талоши роҳбарияти он дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба пешравию дастоварҳои нав ба нав ноил шуда истодааст.

Мо боварии комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона ба хотири пешравии соҳа ва дар маҷмуъ ба болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.

      Дар интиҳо бори дигар Иди касбии роҳиоҳанчиёнро ба ҳамаи Шумо кормандони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар ва ба аҳли хонаводаатон табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандиву умри бардавом, дили беғаму хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ орзу намуда, дар фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо таманно дорам.