• Tajik
  • Русский
  • English

 

Ҳамкасбони азиз, кормандони арҷманди соҳаи нақлиёту роҳ!

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол мебошад, шуморо самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ, ки имрӯз дар кишварамон ба ҳайси забони давлатӣ мақом гирифтааст аз қадимтарину тавонмандтарин  забонҳои ҷаҳон аст, забонест, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони классику муосир суханварӣ кардаанду асарҳои безаволу оламгир офаридаанд ва номи ин забони нобро абадӣ гардондаанд.  Ин боиси  ифтихорамон буда, моро водор месозад, ки нисбат ба забони шевои хеш боэҳтиром бошему баҳри аз ҳама гуна олоишу носаҳеҳӣ нигоҳ доштани он дар талош бошем.

Забонро Асосгузори Сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишавар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукни асосии миллат ва давлат арзёбӣ намуда, дар ин бора гуфтаанд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забонӣ давлатӣ”, ки 5 – октябри соли 2009 қабул гардид 11 сол пур мешавад. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ҷорӣ ва ҳамзамон барои ташаккули пайвастаи забони давлатӣ шароит фароҳам овард. Аз ин хотир забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ  ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ  истифода мешавад ва омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.

Қонуни мазкур талаб менамояд, ки аз ҷумла коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат гирад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.

Солҳои аввали истиқлолият  дар таҳия ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз дигар забонҳо ба тоҷикӣ мушкилиҳо дида мешуд, аз ҷумла, дар тарҷумаи вожаҳои техникиву соҳавӣ. Оҳиста – оҳиста ин мушкилот ҳам ҳалли худро дар бисёр соҳаҳо пайдо намуд. Вале ҳанӯз ҳам баъзе истилоҳоту вожаҳо дар соҳаи нақлиёту роҳ ниёз ба коркард доранд.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона, бузургони миллати мо ҳам тавонистанд, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намоянд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонанд.

Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Дар даврони пурсаодати  истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам омадааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки имрӯз ҷомеаи мо дар давраи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки он ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид мекунад. Аз ин хотир бояд пояҳои муқаддасоти миллиамонро пос дорем ва забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳост.

Бинобар ин, эҳёву рушд ва корбасти забони миллиро ба ҳайси забони давлатӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар ҳатмӣ риоя кардан як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Тавре ки Пешвои муаззами тоҷикони дунё мегӯянд: «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ҳамкасбони азиз ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, муҳимтарини муаррифигари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофарамон табрик гуфта, ба шумо осудагиву суботи комил, дар фаъолияти кориатон пешрафти рӯзафзун таманно  менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!