• Tajik
  • Русский
  • English

   Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳсозӣ, ҳамватанони азиз!

   Ин лаҳзаҳо мо дар арафаи Иди бузурги миллӣ- Рузи Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Дар ин фурсати муносиб Шумо, азизонро ба ин рӯз табрик мегуям.

   Хушбахтона бо ҳукми тақдир мо тоҷикон пас аз  ҳазорсол аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем. «...Вале, мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид» (суханониАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

   Мову шумо ҳама дар хотир дорем, ки дар он рӯзҳо хатари парокандашавии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор дошт.

  Хушбахтона, бо ташаббус ва ҷоннисориҳои бевоситаи роҳбари хирадманд, сиёсатмадори барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат, мо тоҷикон тавонистем сари вақт ҷиҳати ин иштибоҳи даҳшатангези  миллаткуш тадбирҳо андешем.

  27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва ҳамасола бо ифтихору шодмонӣ ва шукуҳу ҷалоли хоса фарорасии онро ҷашн мегирем.

  Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик на танҳо сулҳу оромӣ овард, балки сарнавишти онро дигаргун сохт. Тоҷикистон роҳи рушди босуботро ҷониби ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт.

  Воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург, падидаи нотакрор ва муқаддас буда, тамоми пешрафту комёбиҳои кишвари азизамон ва саодати рӯзгори ҳар як хонавода аз он ибтидо мегирад.

  Ваҳдати миллӣ барои сарҷамъии миллати парокандашуда, аз вартаи нестшавӣ эмин нигоҳ доштани давлати навбунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши тақдирсоз дорад.

  Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати куҳанбунёди мо дар баробари рукнҳои давлатдорӣ ва забони модарӣ аҳамияти муҳим дорад.

 Гуфтан ба маврид аст, ки ризоияти миллӣ ба осонӣ  ба даст наомад. Дар ин росто матонату устуворӣ ва сарсупурдагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.

  Дар ҳақиқат Ҷаноби Олӣ дар марҳилае, ки  тақдири миллати тоҷик ҳал мегардид, зимоми ҳокимиятро бо ҷасорати бемисл ба даст гирифта, мамлакатро аз вартаи нестӣ наҷот доданд.

  Имрӯз фаъолияти босамари ҳокимияти давлатӣ ва ободии кишварро дида, шукр мекунем.  Шукр мекунем, ки имруз мо сарвари фарзонаву дурандеш дорем, ки бо сиёсати хирадмандонаи худ манфиатҳои давлати тозаистиқлоламонро аз ҳуҷумҳои ҳам мусаллаҳонаву ҳам фарҳангии душманон дифоъ менамоянд. Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки «... Мо ба мисли давлатҳои пешрафтаи дунё силоҳи бимовару таҳлукабарангез надорем, аммо фарҳанги тамаддунофар, имони росих, дасти созанда ва хиради азалӣ дорем».

  Имрўзҳо, мо аз ваҳдату якдилӣ ҳарф мезанем, дар ҳоле, ки бештари кишварҳои дунёро оғуштаи ҷангу хунрезӣ ва нифоқу низоъҳои байниҳамдигарӣ мебинем. Набояд он рўзҳои хунину ҳузнангезро фаромўш созем, ки миллати моро қариб ба  нестӣ оварда буд. Пас имрўз бояд шукри осудагии кишвар кунему нагузорем, ки хоинони миллат бо истифода аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ фарзандони моро гумроҳ сохта,  миёни ҷомеаи мо нифоқ андозанд. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонем пеши роҳи душманони миллатро бигирем ва музаффариятҳои Ваҳдату Истиқлолро  ҳифз намоем.

  Боиси хушбахтист, ки  роҳбарияти мамлакат ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Қабул гардидани яке аз чор ҳадафи стартегии мамлакат –“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон”  шаҳодати ин гуфтаҳост.

  Масъалаҳои нақлиётӣ ҳамчун сиёсати афзалиятноки давлатӣ ҳанӯз солҳои 1994-1995 қабул гардида, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Чин тавассути ағбаи Қулма, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб тарҳрезӣ гардиданд ва соли 1998 ба истифода дода шуданд.  

  Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ҳазорҳо км роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва роҳҳои оҳан сохта шуданд. Яке аз дастоварди бузурги соҳаи нақлиёт ин татбиқи ҳадафи   баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки Тоҷикистон ба як давлати воҳид табдил дода шуд. Дар ин самт то имрӯз 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

   Дар ин раванд солҳои наздик боз таъмир, сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз 1500 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

  Барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, натиҷаҳои самарбахш доданд. Имрузҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон 10 долони байналмилалии нақлиётии транзитӣ мегузарад.  

  Пешвои муаззами миллат дар паёми худ ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба самти нақлиёт баён намуданд:                    “...Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд”.

  Ҳамкориҳо бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар сатҳи хуб қарор доранд. Айни замон татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома доранд. Дар доираи ин лоиҳаҳо соли ҷорӣ ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди Душанбе –Бохтар, Кулоб- Шамсиддин Шоҳин, Шкев Қалъаихумб ва дигар лоиҳаҳо пешбинӣ шудаанд.   Ҳамзамон оғоз гардидани боз 10 лоиҳаи дигар дар назар аст.  

  Тоҷикистон  имрӯз ба шарофати Ваҳдати миллӣ  ва пойдории Истиқлоли кишвар аъзои комилҳуқуқи як қатор ташкилоту созмонҳои  байналмилалии бонуфуз ҳаст, ки ин шаҳодати эътирофи мавқеи мамлакати мо дар арсаи умумиҷаҳонӣ мебошад.

    Бори дигар  шуморо ба ин рўзи саид табрик гуфта, даъват ба амал меорам, ки ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки ҳамчун фарди бонангу номуси ҷомеъа манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоламон -Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии Ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи миллат ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоем. Барои ободии ин Ватан ин халқу миллат ва ояндаи нек содиқона хизмат намоем.

      Осудагиву иттиҳод, тансиҳатӣ ва ободии хонадони ҳар яки шуморо  таманно дорам.

Иди ваҳдату ҳамдилӣ муборак!