• Tajik
  • Русский
  • English

ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди соҳаи нақлиёту роҳ!

Бо фаҳраҳмандӣ ва садоқату эҳтиром гармтарину самимонатарин табрикоти худро ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар ба шумо мерасонам.

Бузургтарин неъмате, ки миллати тоҷик дар охири асри гузашта ба он дастёб шуд, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад.

Расидан ба чунин озодӣ – доштани давлати соҳибихтиёр ва ба дасти хеш гирифтани сарнавишти худ омолу орзуи деринаи халқи мо буд. Кӯшишҳо ва иродату устувории миллатамон моро ба ин рӯзи пурсаодат расонд. Мову шумо хушбахттарин наслем, ки нахустин меваҳои истиқлолиятро чашида, дар барқароркунӣ ва тақвият бахшидани дастовардҳои он, ҳар яке дар ҷои худ, саҳмамонро гузошта истодаем. Мо бо чашми худ он ҳама таҳаввулоти субҳи истиқлолиятро дидем ва бо дастони худ дар бунёди имрӯзу ояндаи дурахшон иштирок намуда, ин қасри муҳташамро дар якҷоягӣ сохта истодаем. Мо намояндаи он наслем, ки дар зери ливои Тоҷикистони навин бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиштҳои давлати тозаҷавони худро гузоштем ва аз озмоишҳои мушкилтарин бо сари баланд гузаштем.

Дар арафаи ин рӯзи нек ман мехоҳам бори дигар арзи миннатдории худ ва тамоми нақлиётчину роҳсозони кишварро ба Пешвои муаззами худ иброз намуда, барои ҷонфишониҳою азхудгузаштагиҳояшон баҳри осудаҳолӣ, шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон сари таъзим фуруд орем.

Имрӯз маҳз ҷаҳду талошҳои хастанопазиронаи Пешвоямон ба ҳар яки мо илҳом мебахшад, моро ба корномаҳои тоза ба тозаи бунёдкорона, ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар ҷаҳони муосир сафарбар менамояд. Дар яке аз Паёмҳои Пешвои миллат ишора гардидааст: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем…».

Ин нукта бевосита ба фаъолияти нақлиётчиён дахл дорад. Мову шумо бо ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки Барномаи стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро бо сари баланд иҷро карда тавонистем, боварии комил дорам, ки аз уҳдаи ин вазифа низ бо рӯи сурху сарафрозӣ баромада метавонем.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки кормандони соҳа дар рӯзҳои авҷи вабои ҳамагир - Коронавирус ҳам бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар сари кор буданд ва барои анҷом додани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо пурмаҳсул заҳмат кашиданд. Дар ин давраи нисбатан вазнин ҳам иродаи мо бешикаст монд, мо муттаҳидтар гаштем, ба ҳамдигар мӯнису ҳамдилтар шудем.

Дар арафаи ҷашни бароямон муқаддас, мехоҳам дастовардҳои соҳаро, ки тавассути заҳмати роҳсозону нақлиётчиён дар давоми Истиқлолияти давлатӣ ба даст омаданд, таъкид намоям.

Дар даврони истиқлолияти кишвар дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо ва дигар манбаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2248 км роҳ, 303 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби  мошингузар,    3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хати роҳи оҳан 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харид гардиданд.

Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. 

Имрӯзҳо дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ (81 мусофирбар, 104 боркаш ва 36 омехта (боркашу мусофирбар), 51  терминали  мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ (вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан фаъолият намекунанд) ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамаи дастовардҳои соҳаро ро агар ном барем, хеле зиёданд, вале мо иктифо мекунем, бар он ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳмати шабонарӯзии шумо роҳсозону нақлиётчин ба даст омадаанд.

Ин ҳама комёбиҳо армуғони арзишманд ба интихоботи дарпешистодаи Президенти ҷумҳурии азизамон низ мебошанд. Итминони комил дорам, ки тамоми кормандони соҳа бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳми сиёсии кишвар низ муташаккилона иштирок намуда, ба хотири гулгулшукуфии ояндаи Ватан ба ҷонибдории арзандатарин арбоби сиёсӣ овоз медиҳанд.

Бори дигар ҷашни фархундаи Рӯзи истиқлолияти давлатиро ба кулли кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт муборак гуфта, ба ҳамагон саодати бардавом, ободии хонадон ва муваффқият дар пешбурди кори соҳа таманно  мекунам!  

ҷашни истиқлоли давлатӣ ҳумоюн бод!