• Tajik
  • Русский
  • English

    Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди соҳаи роҳу нақлиёт!

  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 - юмин солгарди онро таҷлил менамоем, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ва муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад. Маҳз бо шарофати ин санаи фархунда, ки бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Сарвари хирадманди Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст, дар фазои озоду осуда ва амонӣ  онро бо шаҳомат таҷлил мекунем. 

   Нахуст ин ҷашни муқаддасро, ки мунодии сулҳу субот аст, ба якояки Шумо ва ба аҳли хонадонатон самимона муборак мегўям. Бигузор ин осудагиву тинҷӣ ва хурсандӣ ҳамеша дар хонадони ҳар яки Шумо ва кишвари азизамон ҳукмфармо бошад.

   Баракати Истиқлол аст, ки имрўз мо дар тамоми манотиқи кишвар рўзи ҷашну хурсандӣ дорем, дар ҳоле, ки  кишвари ҳамсояи мо Афғонистон оғуштаи хуну шаҳрвандонашон сарсону саргардонанд. Чунин рўзҳои сангин бар сари мо ҳам омада буданд, вале бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде насиби мардуму кишварамон гашт, ки лаҷоми ҷангу хунрезиро саривақт гирифта, бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд. 

  Аз ин хотир, мо  Тоҷикис­тониён, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳодаанд.

  Агар ба вазъи имрўза дар дигар кишварҳои олам назар андозем, беихтиёр аз ободиву осудагии кишвари худ, ки дар тўли 30 сол ба он шарафёб гардидем, ифтихор мекунем. 

  Сардори давлат бо азми қатъӣ бунёду сохтмон ва эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд: «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои Истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Ин гуфтаҳоро Пешвои муаззами миллатамон марҳила ба марҳила амалӣ намуданд ва Тоҷикистонамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

   Мову шумо бо ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки Барномаи стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро бо сари баланд иҷро карда тавонистем, боварии комил дорам, ки аз уҳдаи вазифаҳои минбаъда низ бо рўи сурху сарафрозӣ баромада метавонем.

   Мехоҳам дастовардҳои соҳаро, ки тавассути заҳмати роҳсозону нақлиётчиён дар давоми Истиқлоли давлатӣ ба даст омаданд, таъкид намоям.

   Талошу меҳнати шабонарўзии роҳсозон ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат буд, ки дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон дар радабандии сифати роҳҳо 20 зина боло баромад, ки ин дастоварди басе муҳим аст.

   Бо ифтихор гуфта метавонем, ки кормандони соҳа дар рўзҳои авҷи вабои ҳамагир - Коронавирус ҳам бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар сари кор буданд ва барои анҷом додани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо пурмаҳсул заҳмат кашиданд. Дар ин давраи нисбатан вазнин ҳам иродаи мо бешикаст монд, мо муттаҳидтар гаштем, ба ҳамдигар мўнису ҳамдилтар шудем.

  Дар тўли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби  мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харид гардиданд.

   Имрўзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. 

Ҳоло дар бозори хизматра­сониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 мусофирбар, 104 боркаш ва 36 омехта (боркашу мусофирбар), 51  терминали  мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.

  Дастовардҳои дар замони Истиқлол ба дастомадаи соҳаро агар ном барем, хеле зиёданд, вале мо иктифо мекунем, бар он ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳмати шабонарўзии Шумо, роҳсозону нақлиётчиён ба даст омадаанд.

  Ин ҳама комёбиҳо армуғони арзишманд ба ҷашни 30 –солагии Истиқлоланд.  Итминони комил дорам, ки тамоми кормандони соҳа бо руҳияи баланди ватандўстӣ, ба хотири гулгулшукуфии ояндаи Ватан минбаъд низ талош варзида, вазифаи дар наздамон гузошташуда – табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитиро амалӣ хоҳем кард.

  Бори дигар ҷашни муборак – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ба кулли кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт муборак гуфта, ба ҳамагон саодати бардавом, ободии хонадон ва муваффқият дар пешбурди кори соҳа таманно  мекунам!