• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкорону ҳамкасбони азиз, нақлиётчиёни арҷманди кишвар!

  Кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар, чун анъана 25 июл иди касбии худ “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”-ро ҷашн мегиранд, ки ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизи мо рост омадааст.  

  Чун дар шароити табиии кишварамон, ки бештараш куҳсор аст, нақлиёти автомобилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷаги халқ соҳаи муҳим арзёбӣ мегардад, аз ин лиҳоз, аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он, хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин азнавкунии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ба шумор мерафт.

  Бо дастгириву заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо бунёд гардидани шоҳроҳҳои автомобилӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, бо пайваст ва таъмин гардидани шабакаи нақлиётӣ ба як кишвари воҳид табдил ёфт. Сарвари хирдаманди давлат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ  аҳамияти хос зоҳир намуда, бо ибтикорашон ҳамаи бахшҳои маҷмааи нақлиётии кишвар ва рушди инфрасохтори соҳа дар доираи Барномаҳои давлатии рушди соҳа ва стратегияи миллии кишвар амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз натиҷаҳои ин дурнамо ва амалишавии барномаҳои қабулгардида баръало намоён аст. Мо амалан стратегияи баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро иҷро кардем. Акнун марҳилаи сифатан нави иҷрои ин стратегияи муҳим оѓоз ёфтааст, ки он дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 низ мавқеи асосиро ишѓол мекунад. Дар Паёми имсолаи худ низ Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки «Вазорати нақлиёт якҷо бо дигар вазорату идораҳо тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ, баромад ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикиро таъмин намояд.» Мо баҳри иҷрои ин вазифа бояд аз тамоми имконот истифода кара, фаъолияти боз ҳам хубтарро ба роҳ монем.

  Бояд қайд кард, ки дар ҳама давру замон нақлиёти автомобилӣ мавқеи калидии худро дошт ва рўзи 25 июл қайд гардидани Иди касбии нақлиётчиён низ аз он сарчашма мегирад, ки соли 1939 дар ин рўз Қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шўравӣ шинохта шуд, ки ташаккул ва фаъолияти он аз марказ идора карда  мешуд.

  Ҳамин тавр, вобаста ба қарори болозикр, ҳамасола 25 июл ҳамчун Иди автомобилчиён қабул гардида, соҳа зина ба зина рушд меёфт.

  Новобаста аз мушкилоту монеаҳо, бахусус маҳдудиятҳо ҳангоми паҳншавии бемории Ковид 19, нақлиётчиёни кишвар  дар даврони Истиқолол  ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ, тибқи маълумоти омории соҳавӣ, 1746 субъекти хоҷагидори нақлиёти автомобилӣ, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 210 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 84 мусофирбар, 93 боркаш (33 омехта: бор+мусофир), 51 терминали мусофирбар, 11 терминали боркаш, 77 таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва 1397 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир мебошад.

  Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба бо 16 кишвари хориҷии дуру наздик амалӣ гардида, дар маҷмуъ дар асоси созишномаҳои байналмилалии интиқоли молу маҳсулот бо 41 кишвар амалӣ шуда истодааст.

  Бо мақсади устувор гардидани нақши мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, кушодани хатсайрҳои нави мусофирбарии байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, дар умум бо Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирѓизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон 17 хатсайри байналмилалии  мусофирбарӣ тасдиқ гардидааст.

  Бояд қайд кард, ки кишвари мо имрўз аъзои 5 конвенсия ва 4 Созишномаи байналмилии бисёрҷониба буда, узви комилҳуқуқи барномаю созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН),  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), ТРАСЕКА, ҲИМОМ (ЦАРЭС), Долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” (МТК Север-Юг), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мебошад.

  Тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои байналмилалии ҲИМОМ, ТРАСЕКА, Шоҳроҳҳои автомобилии Осиё ва Созишномаи байналмилалии Аврупоӣ оид ба роҳ ва долонҳои нақлиётӣ муайян шудаанд.

  Баҳри пешрафти кор ва дурусту дақиқ таҳлил намудани нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба роҳ монда шудаааст, ки аз 26 модули  рақамикунонӣ 11 модул дар самти нақлиёти автомобилӣ татбиқ мегардад, ки имконияти фарогирии пурраи нишондиҳандаҳои омории соҳа, назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбари истифодаи умумро таъмин намуда,  низоми рухсатномадиҳии байналмилалиро ба танзим медарорад.

  Ташкили дурусти фаъолияти нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар ва ба роҳ мондани фаъолияти бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои ҳалталаби соҳа буда, имрӯзҳо ҳиссагузории бахши хусусӣ ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон баръало назаррас аст. Чунончӣ, бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶСП “Холдинги Осиё Гуруҳ Тоҷикистон” автобус, микроавтобус ва воситаҳои нақлиёти сабукрав барои хизматрасонии таксӣ харида, азнавкунии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар идома дорад. Бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ҶДММ “Авесто гуруҳ” низоми пардохти ѓайринақдии (электронӣ) ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳрӣ дар ҳамаи хатсайрҳои мусофирбарии пойтахт ба роҳ монда шуда, автобусу троллейбусҳои нави замонавӣ харидорӣ ва аз ҷониби корхонаи “AKIA” AVESTO” бароварда мавриди истифода қарор дода шуданд.

  Дар интиҳо бори дигар қайд менамоям, ки имрӯз нақлиётчиёни кишвар  дар рушди соҳаи нақлиёт ва  ободии кишвар саҳми  арзанда дошта, ҳазорон нафар соҳиби ҷои кор ва  бо меҳнати софдилонаи худ  мавқеъ ва обрӯву эътибори хоса пайдо кардаанд. Умедворем, ки ин иқдом боз ҳам қавитар хоҳем гашт.

  Иди касбии нақлиёти автомобилиро ба ҳама собиқадорон ва кормандони имрӯзаи соҳа табрик гуфта, барои ҳамагон сиҳатмандиву умри бардавом, дили беѓаму хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон хоста, дар фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо таманно дорам.

Идатон муборак нақлиётчиёни шарафманди кишвар!