• Tajik
  • Русский
  • English

             Роҳиоҳанчиёни шарафманди кишвар!

  Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки ба  таҷлили ҷашни пурифтихор - 30 - солагии Истиқлоли давлатии кишвар рост омада, ҳамасола хотирмон ва дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, бароятон самимона табрик мегўям ва ба шумо саломатӣ, пирўзӣ ва муваффақияту барори корро хоҳонам. 

  Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи оҳанро «шоҳраги хунгузари» мамлакат номидааст. Агар ба таърихи роҳи оҳани кишвар назар андозем, бунёди он ҳанўз соли 1880-ум аз тарафи Русия ибтидо гирифта, соли 1925 сохтмони роҳи оҳани Термиз – Душанбе ба дарозии 245 километр оғоз ёфта, 1 сентябри соли 1929 ба охир расид.

  Рўзи 10 сентябри соли 1929 ба вокзали роҳи оҳани Душанбе таҳти идораи мошинист Н. Ярко ва сардори сохтмони роҳ В. Д. Карамов қатораи аввалин ворид шуд. Марҳалаи дувуми бунёди роҳи оҳани камбар (Сталинобод – Гулписта) соли 1933 анҷом ёфт. Солҳои 1934-1941 хатти роҳи оҳани камбари Сталинобод – Қўрғонтеппа сохта, ба  истифода  дода шуд.

  Дарозии  умумии роҳҳои камбари Тоҷикистонтон он давра ба 440, 3 км расида, соли 1955 ин хат ба Кўлоб расонда шуд.

  Таърихи нави Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, аз рўзе, ки мамлакатамон истиқлоли давлатӣ ба даст овард, шурўъ мешавад.

  Бо Қарори Шўрои Вазирони Тоҷикистон 17 августи соли 1994 дар заминаи Шўъбаи Душанбеи роҳи оҳани Осиёи Миёна Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис ёфта, дар таърихи роҳи оҳани кишвар саҳифаи наву тозае кушода гардид ва аз он рўз он ба иди касбии роҳиоҳанчиён мубаддал гашт.

  Агар ба таърихи соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар даврони Истиқлолият назар андозем, дастовардҳои он хеле зиёданд.

  Бо иштироки Президенти мамлакат 7 сентябри соли 1998 марҳалаи якуми роҳи оҳани Қўрғонтеппа – Кўлоб ва марҳалаи дувуми роҳи мазкур (Данғара – Қурбоншаҳид - Кўлоб) 7 сентябри соли 1999 ба истифода дода шуд.

  Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар дар ин давра дар самти нақлиёти роҳи оҳан сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ сохта шудааст, аз ҷумла ба муносибати ҷаншни 25 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар (соли 2016) қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб бо дарозии  умумии  40,7 км (3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр)  сохта ба истифода дода шуд.

  Дар умум дар даврони Истиқлолият 218,95 км хати роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст.

  Баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 937 вагони нави боркашу мусофирбар, аз ҷумла, 769 - вагони боркаш, 168 - вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 - тепловоз,                  2 вагон - тарабхона ва 1 дизел-поезди мусофирбарӣ харидорӣ гардида, мавриди истифода қарор доранд. Айни замон, 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду аз нав сохта шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд.

  Дар доираи таҷдид ва нигоҳдории пулҳо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ҳудуди шаҳри Душанбе 5 пули роҳи оҳанро воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ (Текстил), кӯчаи А. Дониш (фурудгоҳ), хиёбони Ҳ.Шерозӣ (Наврузгоҳ), пули Автовокзал (н. Сино) ва пули (103-юм мкр.) кӯчаҳои М. Шерализода ва А. Ғуломов (н. Сино)-ро таъмиру азнавсозӣ кардааст. Қобили қайд аст, ки имрӯз роҳиоҳанчиёни кишвар новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта, дар робита ба маҳдудияти ба коронавирус вобаста, ки хатсайрҳои байналмилалӣ баста гардиданд,  дар ободии кишвар саҳми арзанда доранд.

  Имрӯзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саъю кушиш ва ҷаҳду талоши роҳбарияти он дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба пешравию дастоварҳои нав ба нав ноил шуда истодааст.

  Мо боварии комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона ба хотири пешравии соҳа ва дар маҷмуъ ба болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.

  Дар интиҳо бори дигар Иди касбии роҳиоҳанчиёнро ба ҳамаи Шумо кормандони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар ва ба аҳли хонаводаатон табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандиву умри бардавом, осудагиии хонадон  ва дар  фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо таманно дорам.