• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамдиёрони арҷманд, кормандони сарбаланди маҷмааи нақлиёту роҳ!

Ҷашни пурфайзи бостонӣ, Наврӯзӣ оламафрӯзро ба Шумо ва аҳли хонадон ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон муборак мегӯям. Дар ин рӯзи сайид - оғози сарсабзиву хуррамӣ ва дамидани нафаси гарми баҳорӣ ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, хушбахтиву осудагӣ ва дасторхони пур аз файзу баракати наврӯзиро таманно мекунам.

Ба қавли донишмандон, дар байни ҷашнҳо оне, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз мебошад. Наврӯз мисли пулест, ки таърихи гузаштаву имрӯза ва ояндаи халқро ба ҳам мепайвандад, гарчанде ки борҳо дучори таъқибу хорӣ ҳам гашта бошад.

Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳанг, оин, хулқ, анъана, одати мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва мешиносем.  Дар ин маврид Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоќӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».

Бемуҳобот Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳамчун «рамзи қуввияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» эътироф гардида, «атои Худовандист барои аҳли башар». Ӯро ҳамзамон, ҷашни ваҳдатофар низ бояд гуфт. Ба қавле:

Наврўз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,

Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.

Миллате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд. Дарвоқеъ таҷлили бошукуҳи Наврӯз барои дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ бо арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани насли наврас, бахусус дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз аҳамияти хос касб намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи генералии СММ 26 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз ҳамчун нишонаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашни умумимиллӣ эълон шуд ва имрӯз ифодагари сулҳу ваҳдат миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯзӣ гаштааст.

Дар устураҳо оғози таҷлили Наврӯзро ба Ҷамшеди Пешдодӣ ва аз он ҳам пештар ба Каюмарси Куҳшоҳ, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд.

Сарзамини Ориёи бузург, ки нигаҳдори оинҳои наврӯзист, бо омадани дини ислом дар он оинҳои динӣ ва наврӯзӣ бо ҳам омезиш ёфтанд. Давлатҳои тоҷикнишин ба мисли Саффориён ва Сомониён дар эҳёи суннатҳои Наврӯз нақши бузург доранд. Бо ташкил ёфтани давлати Сомониён оинҳои сарбаланди мардуми сарбаланди тоҷик аз нав зинда гардида, фарҳанги пурғановати ниёгон дар Хуросони бузург паҳн гардид. Дар ин радиф, оинҳои миллии мардуми тоҷик – Наврӯз, Сада ва Меҳргон густариш ёфтанд.

Иди Наврӯзро баъзе аз ҳукуматҳо дар давру замонҳои гуногун аз ҷумла, Ҳукумати Шӯравӣ бо баҳонаи ҷашни динӣ будан манъ карданд. Аммо ин ҷашни ниёгон ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафта, мардуми шарафманди тоҷик онро чун иди Бобои Деҳқон, иди кишту кор ва ё сари Соли Нав муаррифӣ менамуданд. Соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мо онро бо расму оин ва суннатҳои деринааш байни ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари хирадмани кишварамон боз солҳои 2019- 2021 - ро солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, то шаҳру деҳот обод ва аз ҳунари волои тоҷикон оламиён хабардор гарданд.

Наврӯзро аз дигарон дида, роҳдорону роҳсозон бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро бо фарорасии нафаси гарми баҳорӣ ташвишњои фасли сармо, боридани барфу тармафуроӣ паси сар мегардаду нақлиётчиёну роҳдорони кишвар аз пайи таъмиру таҷдиди вайронаҳои зимистон ва зиёдкунии нишондиҳандаҳои мусофирбариву боркашонӣ тариқи қатораву автомобил мешаванд.

Аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имрӯза мардуми заҳматқарини соҳа ба дастовардҳои зиёд ноил гаштанд. Васеъ намудани ҷуғрофияи хатсайрҳои байналмилалӣ, ташкили автораҳпаймоӣ дар масири Термиз – Турсунзода, Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қарасу, имзои созишномаи байни Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳан, сохтмони боғи фарҳангӣ дар назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби корхонаи Вазорати нақлиёт, таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Кангурт – Балҷувон – Ховалинг,  Конибодом – Патар, Хуҷанд – Исфара, оғози сохтмони роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб – Шамсиддин – Шоҳин, Шкев – Қалъаихум, долонҳои зиддитармавии роҳи автомобилгарди  Душанбе – Чаноқ аз зумраи ин дастовардҳоянд. Як қатор лоиҳаҳои сохтмон ва корҳои сохтмониву таъмирӣ, ҳамчунин боз кардани хатсайрҳои нави байналмилалӣ дар назаранд. Бо итминон бояд гуфт, ки нақшаҳои минбаъдаи дар пешамон гузошташударо низ дар ҳамдастиву ҳамдигарфаҳмӣ сарбаландона иҷро хоҳем кард.

Вале бояд қайд кард, ки имсол дар арафаи таҷлили Наврӯзи оламафрӯз паҳншавии бемории коронавирус миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми мардуми сайёраро дар ташвишу изтироб андохтааст.

Хушбахтона, то имрӯз гирифторони ин беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудаанд. Аммо ҳар лаҳзаву сония эҳтиёткору ҳушёр бояд буд. Тамоми қоидаҳои гигиенӣ санитариро, ки аз ҷониби мутахассисон пешниҳод мегарданд, бояд риоя кунем. Ин масъала аз мадди назари Роҳбарияти кишварамон дур нест ва тамоми чораҳо аз ҷониби Ситоди амалкунанда дида мешаванд.

Аз ҳавои софу нафаси гарми баҳорӣ ва обҳои зулолу дамидани бўи гиёҳҳои шифобахши сарзамини биҳиштосоямон, ки бо қудрати Парвардигор танҳо насиби мо гаштаанд, умед дорем, ки дар ин ҷашни фархундапай Худованд тамоми мардуми моро аз ин вабои аср эмин нигоҳ хоҳад дошт.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Наврӯзи фархундапайро барои якояки Шумо, аҳли хонадон ва мардуми баору номуси кишвар, табрик мегўям.

Наврӯзатон фархунда бод!