• Tajik
  • Русский
  • English

 

 

ТАБРИКОТИ

ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ КИШВАР АЗИМ ИБРОҲИМ БАХШИДА

БА РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

Муҳтарам ҳамкасбони азиз, кормандони арҷманди маҷмааи нақлиёти кишвар!

   

    Ҳамасола рўзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хотир, ҳамаи Шуморо бо ин рўзи саид табрик гуфта, бароятон таманно мекунам, ки шаҳрванди беҳтарин ва содиқи Тоҷикистони азиз бошеду дар партави роҳбарии Президенти хирадмандамон сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ   дар фазои кишварамон ҳукмфармо бошад.

    Маҳз бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин дар маҷмўъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президент вобастагӣ доранд, дар қонунгузории кишварамон рўзи 16 ноябр ба сифати  рўзи Президент пазируфта шудааст.

    Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандўстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем.

    Аз рўзҳои тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ Раиси Шўрои Олии кишвар интихоб гардиданашон Сарвари давлат тақдирашонро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайвастанд. Аз ин рў, мо бояд ҳама шукр гўем, ки дар рўзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омодааст ҷонашро нисор бикунад. Ин маҳбубияти Президентамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми кишвар тақдирашонро танҳо ба ў бовар дошта, 11 октябри соли равон боз аз нав Президенти Тоҷикистон интихоб карданд ва Пешвои миллат дар маросими савгандёдкуниашон боз аз садоқати худ ба халқу Ватан чунин баён доштанд: «Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам. Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.»

    Сарвари хирадмандамон аз рўзҳои аввали роҳбариашон таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои он кас тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Аз рўзи аввал ҳамчун Сардори давлат қавл доданд, ки фирориёнро ба Ватан баргардонида, ба низоъҳо хотима медиҳанд, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунанд. Президенти мо ба қавлашон вафо карданд, фирориёнро ба Ватан баргардониданд, бо кўшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонда ба задухўрдҳои дохилӣ хотима гузоштанд. Бо кўшиши пайвастаи Сарвари давлат халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиѓаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Маҳз тавассути талошҳои Пешвои миллат кишварамон ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳу пулу нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.

    Бо назардошти хамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузург дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи истиқлоли Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

    Маҳз ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони мо тавассути роҳу пулҳои навсохташудаву эҳёгардида аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишварҳои ҷаҳон пайваст гардид. Бо ташаббуси Президенти маҳбубамон Тоҷикистон узви СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Роҳбари давлат   аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Тоҷикистон дар  ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Ҳурмату эҳтиромашон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.

    Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарории сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Пешвои миллат намунаи олии ватандўстӣ ва хизмат ба Ватану ҷомеа мебошад.

     Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рўйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбаташонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромўш нахоҳанд кард. Аз ин рў, хизматҳову саҳми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.

   Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкуниашон бори дигар садоқату маҳбубияташонро чунин арза доштанд: «Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нуҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам».

   Чун Роҳбарамон моро бузургу қаҳрамон ва заҳматдўсту матинирода ном мебаранд, пас, биёед сазовори ин гуфтаҳо бошему дар партави ҳидоятҳои Сарвари маҳбубамон барои пешрафту шукуфоии кишвар софдилона меҳнат бикунем.

 

Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрик мегӯям!