• Tajik
  • Русский
  • English

 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 11-уми марти соли равон ба ифтихори Рўзи Матбуоти тоҷик бо аҳли ҳафтаномаи соҳавии «Нақлиёт» ва мутасаддиёни сайти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ намуда, Рўзи касбиашонро табрик гуфт.

 Вазир аз заҳматҳои рўзноманигорон дар таҷассуми паҳлуҳои мухталифи фаъолияти маҷмааи нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки аҳли ҳафтанома минбаъд низ ба хотири бозгўиву нигориши самтҳои фаъолияти доманадори коргоҳу муассисоти марбути Вазорати нақлиёт хастанопазирона ва аз рўи адолату талаби замон қаламкашӣ хоҳанд намуд. Ў ҳамзамон аз рўзноманигорон даъват ба амал овард, ки бо кормандони соҳа ва хонандагони ҳафтанома ҳамкориҳои умдаву ҳасанаро бештар ба роҳ монанд.

 Рўзноманигорон низ дар навбати худ аз таваҷҷуҳи вазири нақлиёт миннатдорӣ намуда, бовар кунонданд, ки онҳо дар фаъолияти эҷодкоронаи худ ҷиҳати таҷассуми масоили муҳиму рўзмарра ва умдаи маҷмаи нақлиёт ва мавзўҳои дигари ҷомеа ҳамеша омодаанд.