• Tajik
  • Русский
  • English

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Чи тавре, ки ҳамагон огоҳем, имрӯз тамоми мардуми шарафманди диёри соҳибистиқлоламон ид дорад. Дар фазои фазои софу беғубори сулҳу салоҳ мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирем. Бахшида ба ин санаи саид дар ҳама гӯшаю канори мамлакат ҷамъомаду вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми сарбаланди мо ин рӯзро ҳамчун як ҷашнвораи миллӣ бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ин рӯзи саидро бо ифтихору сарфарозӣ ба ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ба аҳлу пайвандонатон самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ,

Ба самъи Шумо мерасонам, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Эълон гардидани ин сана ҳамчун иди умумимиллӣ, худ сипосу эҳтироми самимии мо нисбат ба саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳар ҷашну идвора таъриху сарнавишти худро дорад ва донистану дарки онҳо барои мо, бахусус насли ҷавони миллат, ки ояндаи мост, аҳамияти ҳам илмӣ ва ҳам тарбиявӣ дорад.

Ба маълумоти Шумо, ҳозирини гиромӣ, мерасонам, ки сабаби ба ин рӯз рост омадани ин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994  Пешвои муаззами миллати  мо,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда буданд ва дар ҳамин сол аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тарафи мардум қабул карда шуда, шакли идории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, таҷлили  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида,  мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи  байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Ҳозирини гиромӣ,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

Барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии вайро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад,  зеро имрӯз вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи пурпечутоби Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҳар шаҳрванди огоҳу ватандӯст дастовардҳои бунёдии  имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти дар арсаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нотакрор - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванду тавъам медонад ва ба шахсияти ин абармарди таърихӣ сипосу эҳтироми худро бо кору пайкори худ барои гулгулшукуфии ҳар гӯшаи ин диёри  биҳиштосо изҳор менамояд.

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Бори дигар ба Шумо иди умумимиллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона муборакбод гуфта, ба Шумо тани сиҳату рӯзгори хуш ва сарбаландиву хонаободиро таманно менамоям.

Зинда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол! Мо бо Шумоем – Пешвои миллат!

Ба диққататон ташаккур!