• Tajik
  • Русский
  • English

        26 феврал дар маҷлисгоҳи Вазорат Шӯрои илмӣ – техникӣ оид ба баррасии тадқиқоти омӯзиши корҳои геодезӣ ва геологии қитъаҳои зери лағжиш қарордоштаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб -Хоруғ -Мурғоб ағбаи Қулма, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон баргузор гардид.

       Дар Шӯро намояндагон аз вазорату ташкилотҳо ва мақомотҳои манфиатдор иштирок доштанд. Шӯроро Муовини якуми вазир Суҳроб Мирзоев аз рӯи масъалаи рӯзнома оғоз намуда, чунин гуфт: "Сабаби дар мувофиқа бо Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ баргузор намудани Шӯрои илмӣ – техникӣ бинобар пайдо шудани мушкилиҳо дар лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъахумб, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон, ки 2 самтро дар бар мегирад, мебошад. Дар оғози корҳои сохтмонӣ ин камбудиҳо ба миён наомада буданд ва дар рафти корҳои сохтмонӣ чунин мушкилиҳо ошкор карда шуданд". Муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон -Зиғар М. Неъматов оид ба қитъаҳои зери лағжиш қарордоштаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб -Қалъаихумб баромад намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳа мутахассисони КВД “ГИИНТИЗ” ҷалб карда шуд. Аз моҳи декабри соли 2015 то моҳи феврали соли ҷорӣ қитъаи мазкурро омӯхта, хулосаи худро пешкаш намуданд ва дар ин замина зарурати баргузор намудани Шӯрои илмӣ-техникӣ ба миён омад.

       Инчунин , директори КВД “ГИИНТИЗ” Саидов Р. доир ба ҷойгиршавии геологии ин мавзеъ шарҳ дода, қайд намуд, ки барои омӯзиши ин мавзеъ 5 нуктаи геодезии қисмати беруна ва 13 нуктаи геодезии дигар аз қисмати дохилие, ки ба ин мавзеи ярч таалуқ дорад, тадқиқот гузаронида шуд.  Ҳамчунин дар ду заминларзае, ки дар моҳҳои наздик рух дода буд, ягон тарқишро ба вуҷуд наовардааст, ки ин аз мустаҳакамӣ ва хавфи зиёд надоштани ярчи мазкур дарак медиҳад.
              Дар анҷом байни ҷамъомадагон оиди масъалаи мазкур муҳокимаронӣ ва саволу ҷавобҳо баргузор гардид