• Tajik
  • Русский
  • English

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  рўзи 12 декабри соли равон бо ҷараёни кор дар марҳилаи якум ва дуюми  сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд, ки дар ин сафар Сарвазири кишварро вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода  Худоёр Завқибек, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қодир, муовини аввали вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Р, директори иҷрояи маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Арабзода Нуралӣ, намояндаи ширкати машваратии “КОКС” (Олмон) Стефан Инглендер, роҳбари гуруҳи машваратчии байналмиллалӣ аз ширкати “КОКС” (Олмон) Роҷер  Финн, директори ҶДММ “АВТОСТРАДА” Сидиқов У.Б, намояндаи Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва пулҳо “Сиздзян Бейсин” Ма Йонг, менеҷери лоиҳаи ширкати Синохайдро Чен Ҷин ва дигар масъулини соҳа ҳамроҳӣ намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ масъулин ба Сарвазири мамлакат дар бораи натиҷаҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ, азхудкунии маблағҳо ва ташкили кор дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар маълумот доданд. 

Ҳангоми шиносоӣ аз қитъаи роҳи км 0+275 – 3+600 ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба анҷом расондани сохтмони роҳи пиёдагард а ба ноҳияи Рӯдакӣ супоридани қитъа барои шинонидани дарахтон дар ду шафати роҳ дастур дода шуд.

Ҳайати корӣ ҳамчунин  аз рафти корҳои сохтмонии пули №2а - воқеъ дар км 4+800 (дарёи Кофарниҳон) шинос гардида, Қоҳир Расулзода роҳбарони ниҳодҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки   корҳои сохтмониро ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонда ҳаракати воситаи нақлиёт аз болои пули №2а гузаронида шуда, корҳои азнавсозӣ дар пули мавҷудаи №2 оғоз гардад.

Баъдан аз рафти корҳои сохтмонӣ дар км 9+825 (пули №3), км 18+340 (хокрезаи калон), км 30+260 шинос шуда, бо назардошти пешниҳодҳои шахсони масъул ва натиҷаҳои боздид аз иншоот аз ҷониби Сарвазири мамлакат ба вазорату идораҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, Пудрачӣ – “Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва пулҳо “Сидзян Бейсин”” ва Машваратчӣ – ширкати КОКС ва ширкати машваратии маҳаллии “Автострада” супориш гирифтанд, ки дар якҷоягӣ ҷадвали ниҳоии тақвими корҳои сохтмонӣ бо назардошти ҳаҷми корҳо ва азхудкунии маблағҳо то 1 сентябри соли 2020 тартиб дода, то санаи 20 декабри соли 2019 пешниҳод намоянд, ҷиҳати иҷрои кома (насыпь) ва корҳои заминӣ техникаҳои иловагӣ сафарбар карда, корҳо дар ин самт тезонида шаванд; дар фасли зимистон корҳои хокканӣ пурра бартараф карда шаванд; қитъаҳои мумфаршшудаи роҳ (16 км) ба тартиб дароварда, барои шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ дар ду шафати роҳ ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Хуросон вобаста карда шаванд;

 Раиси Вилояти Хатлон, ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои Дидбонгоҳи БДА-и Чимтеппа омода ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Ҳудуди роҳи лоиҳавӣ, хусусан маҳалҳои аҳолинишин пурра ба тартиб оварда шуда, дар ду шафати роҳ дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шавад.

Бояд қайд кард, ки айни ҳол зимни таҷдид ва навсозӣ дар ин лоиҳа  сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» дар маҷмуъ 360 нафар бо  102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

 Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 истгоҳ ва 3 гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд