• Tajik
  • Русский
  • English

Имрӯз 12-уми феврал дар меҳмонхонаи Серена бо ташаббуси Бонки Осиёгии Рушд барои кормандони маъсул ва мутахассисони соҳаи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт машварати омузишӣ дар мавзуи “Низоми идоракунии дороиҳои роҳ” оғоз гардид.

Машварати омузишро Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Суҳроб оғоз намуда, ба ҳозирин оид ба фаъолияти Вазорат дар самти ҷорӣ намудани “Низоми идоракунии дороиҳои роҳ” маълумот манзур намуд.

Серж Картер-мушовири БОР оид ба хоҷагии роҳҳо машварати омузишро роҳбарӣ менамояд.

Машварат ду рӯзи минбаъда низ идома дода мешавад.