• Tajik
  • Русский
  • English

Дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд.
Маросими ифтитоҳи ин роҳи зебо дар сероҳагии Айнӣ - Панҷакент – Хуҷанд баргузор гардид.
Дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид.
Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.
Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.
Аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути шоҳроҳи нави Айнӣ - Панҷакент ба шаҳри Панҷакент ташриф овард. Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ-Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод.
Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо корҳои навсозии роҳу пулҳои нав дар шоҳроҳи мазкур шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент низ яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Тавре аён гардид, роҳсозон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо истифода аз тамоми таҷрибаи андухтаи хеш дар самти роҳсозӣ роҳро мутобиқ ба талаботи стандартҳо бунёд кардаанд.
Баъди ифтитоҳи роҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳр, ки барои истиқболи Сарвари давлат ва ба хотири иштирок дар маросими кушодани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард.
Президенти мамлакат ифтитоҳи роҳи нав, корхонаҳои саноатии маъдантозакунӣ ва заршуиро дар шаҳри Панҷакент ба сокинон муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки роҳҳо натанҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ва нақбу пулҳо ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардидааст. Имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонида шуд.
Ин роҳ ба қавли Президенти мамлакат бояд садсолаҳо ба мардум хизмат кунад, аз ин рӯ нигоҳубини он низ бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.