• Tajik
  • Русский
  • English

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷиҳати боздид  ва аз наздик шинос шудан бо рафти кор дар  иншооти ҷашнӣ, ки ба  муносибати  30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сохта мешаванд, ҳафтаи гузашта ба  ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дод.

Вазири нақлиёт зимни боздид аз иншооти сохташавандаи ноҳияи Рӯшон, нахуст аз бинои барои роҳсозони лоиҳаи сохтмони пулҳо дар ВМКБ дидан намуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён баҳои баланд дод. Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд маълум гардид, ки бино дар асоси талаботи миллии сохтмонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Вобаста ба сохтмони иншооти роҳсозӣ гуфта шуд, ки айни ҳол дар вилоят лоиҳаи сохтмони 17 пули мошингард, - дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшон  идома дошта, ният аст, ки чунин пул дар водии Бартанг низ  сохта мешавад.

Азим Иброҳим ҳамзамон аз коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ноҳияи Рӯшон дидан кард. Зимни вохӯрӣ бо корманони ин коргоҳ афзуд, ки ҳар як масолеҳи истифодашаванда бояд ба талаботи стандартӣ ҷавобгу бошад ва сифату устувории сохтмонро аз вазифаи ҳалталаби рӯз арзёбӣ намуд.

Вазири нақлиёт дар ноҳияи Рӯшон ҳамчунин, ба аёдати қишрҳои осебпазири ҷомеа, шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд, ки пайваста зери таваҷҷуҳи давлату Хукумат, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд, рафта ба онҳо аз номи Пешвои миллат туҳфаҳо ва кумакпулӣ тақдим намуда, аз аҳволи хонандагони Литсейи касбии маъюбон дар ноҳияи Рӯшон аз наздик шинос гардида, барои хонандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои Соли навӣ ва телевизорҳои ранга туҳфа карда, барои шахсони имконияташон маҳдуд аз номи Пешвои миллат кумакпулӣ тақдим намуд ва хонандагагонро ба таҳсили босифат ҳидоят кард.

Дар доираи ин сафар Вазири наклиёт бо собикадорони чангу меҳнат ва фаъолони ҷомеа низ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.

Вазири нақлиёт дар деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид. Дар ин мавзеъ дар фасли Тобистон бо баланд шудани сатҳи дарёи Панҷ мушкилоти кишоварзон зиёд мешавад. Дар ин иртибот вазири нақлиёт барои бартараф сохтани ин мушкилот бар роҳбарияти ноҳия тавсияҳои судманд дод.