• Tajik
  • Русский
  • English

   

  4-уми марти соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

  Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеъи Фахробод оғоз гардида, дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” муаррифӣ карда шуд.

  Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1-уми азнавсозии ин роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.

  Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур доданд, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад.