• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 5-уми октябри соли равон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар толори вазорат бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо ва дигар масъулини соҳа иштирок доштанд.

Нахуст, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокдоронро бо зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфта, изҳор дошт, ки хеле рамзист, чун зодрӯзи Сарвари давлат ба Рӯзи забони давлатӣ рост омадааст. Зеро эҳёи дубораи забон, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва мероси ғании ниёгони мо маҳз ба саҳми арзандаи ин  шахсияти бузург ва таърихӣ мебошад. Вазир ҳамчунин дар бораи тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар даврони ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд. 

Дар фароварди сухан Азим Иброҳим бори дигар ҳамагонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, муҳимтарини муаррифигари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофарамон табрик гуфт.

Дар фарҷоми ҷаласа ҳозирин оид ба таърих, ҳифзу нигоҳдошти забон ва дигар масоили вобаста ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.