• Tajik
  • Русский
  • English

   Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёт ботантана таҷлил гардид. Пас аз садо додани суруди миллӣ вазири нақлиёти кишвар Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ба сухан баромада ҷашнвораро барои ҳозирин шодбош гуфта, аз ҷумла, аз сайри таърихии Парчами миллӣ, ба сифати яке аз рамзҳои асосии кишвар, эҳтиром овардану пос доштани он, мавқеъ ва нақши Парчам дар ҳаёти мамлакат, эҳтимому ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қабули ин арзиши миллату давлат ибрози андеша намуд.

    Таъкид гардид, ки эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ аз зумраи вазоифи муқаддасу ифтихорӣ мебошад ва даъват ба амал оварда шуд, ки эҳсоси тафохур аз парафшонии он дар сиришти ҳар сокини меҳанпарасти кишвар бояд ҳамеша пойдор бошад.

    Дар нишаст ҳамчунин корманди ҳафтаномаи «Нақлиёт» Ҳикмати Неъмат аз таърихи Парчаму парчамдории халқиятҳои ориёнажод, манзалати он, аз пайдоиш ва арзишмандии Дирафши Ковиёнӣ ва мақоми имрӯзаи Парчами дар давлатдории тоҷикон сухан кард.