• Tajik
  • Русский
  • English

Дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт бо иштироки кулли бонувони дастгоҳи Марказии вазорат ва идораҳои зерсохтораш бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Мирзозода Суҳроб табрикоти вазир Худоёрзода Худоёрро ба саҳми ҳозирин расонид.

Сипас, собиқадори соҳаи роҳсозӣ Робия Завқиева, мудири шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати нақлиёт Озода Сайвалиева ва хабарнигори ҳафтаномаи «Нақлиёт» Ҳикмати Неъмат ҷамъомадагонро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, аз фаъолияту қаҳрамонии бонувони соҳа мисолҳо оварданд.

Як қатор коргарзанони фаъоли соҳа бо фармони вазири нақлиёт барои заҳматҳояшон дар соҳа ва ба ифтихори Рӯзи Модар бо мукофоти пулӣ қадр гардиданд. Дар ҷашнвора ҳамчунин ғолибони озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин», ки бахшида ба Рӯзи Модар дар байни бонувони Дастгоҳи марказии вазорат ташкил шуда буд бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳои вазир қадр  гардиданд.

Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷои аввал ба Улуғзода Лайло – сармутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ, ҷоий дуюм ба мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ - Буймамадова Зулайхо ва ҷойи сеюм ба корманди Раёсати корҳо Зарнигор Саидова - насиб гардид.

Дар озмуни «Иншои беҳтарин» Улуғзода Лайло ҷойи аввал, Дондоров Фируза ҷойи дуюм ва Буймамадова Зулайхо ба ҷои сеюм сазовор гардиданд

Дар фарҷоми ҷаласа Мирзозода Суҳроб бори дигар ҷашни фархундаро барои бонувони соҳа шодбош гуфта, барояшон осудагии хонадон ва сиҳатии фарзандон таманно намуд.