• Tajik
  • Русский
  • English

 

Дар Вазорати нақлиёти кишвар 30 -декабри соли равон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.  Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс  имзо гузоштанд.

 

            Оид ба таҳияи Созишномаи мазкур ҷонибҳо дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки рӯзҳои 5-6 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба мувофиқа расиданд.

 

Ин Созишнома аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан бандарҳои обӣ (Бандар Абос, Чорбаҳор ва Гавадар) замина мегузорад.

 

Илова бар ин ба имзорасонии Созишнома, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани роҳҳои оҳан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардидааст. Дар маҷмуъ ин роҳ ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар такон мебахшад.

 

         Сохтмони ин роҳи оҳан аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, ба кам шудани хароҷоти нақлиётии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, тақвияти рушди содирот, зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ бо Афғонистон ва кам намудани сарбории роҳҳои автомобилгард мусоидат менамояд.

 

Татбиқи сохтмон ҳамчунин барои роҳ ёфтан ба бозори минтақа ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ мусоидат менамояд.

 

Доираи татбиқи Созишномаи мазкур вобаста ба масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон (Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхонбандар (Афғонистон) бо ҷалби самоягузории хориҷӣ анҷом дода мешавад.

 

Дар ин замина бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузорӣ ва таҳияи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани болозикр вохӯриҳо доир гардидааст.

Қобили қайд аст, ки тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №109-ф Санади интихоби самти мувофиқи роҳи оҳани нав дар қитъаи Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён тасдиқ гардидааст.