• Tajik
  • Русский
  • English

Дар Вазорати нақлиёт ҳафтаи равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Азим Иброҳим семинар машварат дар мавзӯи  «Системаи ягонаи нақлиётӣ ва логистикӣ» баргузор гадид, ки дар он муовинони вазир, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва намояндагони корхонаҳои Вазорати нақлиёт аз ҷониби кормандони ҶДММ «Сармояи рақамӣ»,  ҶДММ «Шоизар» иштирок доштанд.

Нахуст вазири нақлиёт ҳадафи баргузории машваратро ба ҳозирин шарҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки роҳбарияти Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст барои пешрафти кори босифат ва саривақтиву сарфакорона, фаъолияти тамоми сохторҳои соҳаро бо истифода аз технологияи нав ба роҳ монад.

Дар ин иртибот тасмим гирифтем, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ, коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монем. Ҳамчунин, фаъолияти барномаи «Низоми идоракунии  дороиҳои роҳ» (НИДРА)-ро васеътар намуда, агар лозим ояд, барои зери назорати қатъӣ гирифтани кори техникаи роҳнигоҳдорӣ ва ташкил намудани «фонди маълумот» (база данных) дар назди Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ шуъбаи махсус иборат аз мутахассисони сатҳи баланд таъсис хоҳем дод.

Мо бояд ҳамқадами замон бошему дар фаъолияти кориамон аз технологияи наву муосир хуб истифода карда тавонем, - гуфт Вазир.

Сипас, мутахассисони ҶДММ «Сармояи рақамӣ» оид ба мавзӯи «Системаи ягонаи логистикӣ ва нақлиётӣ» тариқи слайдҳо маълумот доданд ва ҳозиринро ба усули рақамикунонии роҳхату борхат ва мақсади истифода аз чунин тарзи кор шинос намуданд.

Қайд гардид, ки бо гузаштан ба ин намуди фаъолият кори ҳам ронанда, ҳам ташкилоте, ки роҳхату борхат медиҳад ва ҳам нозирон осонтар мегардад. Аммо барои пурра ба ин сохтор гузаштан марҳилаҳоро тай кардан даркор ва рақамикунонии роҳхату борхат ин марҳилаи аввал аст, ки аз он фаъолиятамонро ба роҳ мемонем, гуфтанд мутахассисон.

Дар фарҷом вазири нақлиёт ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҳар чи зудтар масъаларо омӯхта, баҳри амалӣ кардани он тадбирҳо биандешанд.