• Tajik
  • Русский
  • English

    Паёми Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи якҷояи Парлумони кишвар  рўзи 26-уми январи соли 2020 ироа гардида буд, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеаи мо нақши мондагор гузошта, барои тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ дастурамали фаъолият гардид. Ба хотири ташвиқ, шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондадиҳии моҳияти Пайёми мазкур байни оммаи васеъи қишрҳои ҷамъият дар Вазорати нақлиёти кишвар низ 17 уми феврали соли равон оид ба тарҳиби нукоти муҳими Паёмс бо иштироки Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт ҳамоиш  баргузор гардид.

    Вазири нақлиёт оид ба аҳамияти Паём чун ҳуҷҷати бузурги барномавӣ ва нақши он дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар амал татбиқ намудани он сухан карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Президенти кишвар ҳамасола дар Паёми хеш таъкид бар он мекунанд, ки мо бояд барои беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои бошандагони Тоҷикистон, аз тамоми имконияту шароит истифода барем.

    Сипас сармуҳарири ҳафтаномаи “Нақлиёт” Хандонгул Доробова ва сардори бахши ҳуқуқи Вазорати нақлиёт Сафарзода Мақсуд доир ба таассуроти худ аз Паём ва баъзе нукоти муҳими он ибрози андеша намуданд.