• Tajik
  • Русский
  • English

   Дар робита ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2021 дар шаҳри Токио озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати японии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёт тариқи видеоконфронс пайваст гардиданд.

  Пеш аз оғози расмиёти гузаронидани озмун муовини якуми вазир, Раҳим Бобозода миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба Ҳукумати Япония барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

   Қайд гардид, ки Ҳукумати Япония тавассути Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалиӣ "JICA" тавассути ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳо кумаки калон мерасонад.

   Сипас озмун тибқи расмиёти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ "JICA" оғоз карда шуд. Дар озмун танҳо як ширкати японии "Дай Ниппон" иштирок намуда, пешниҳоди техникии он бояд то санаи 23 марти соли 2021 арзёбӣ карда шавад.

  Санаи 23 марти соли 2021 озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди молиявии ширкат гузаронида шуда, пас аз арзёбӣ гуфтушунид байни Вазорати нақлиёт ва ширкат ҷиҳати бастани қарордод оғоз мегардад.