• Tajik
  • Русский
  • English

   Санаи 3 марти соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгири аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва посдории фарҳанги бостонии тоҷикон, бо ташаббуси Шӯрои занони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни занону бонувони Дастгоҳи марказӣ ва корхонаю муассисаҳои тобеи он озмуни “Беҳтарин ҳунарманди соҳа”-ро  баргузор намуд.

         Ҳунару истеъдоди бонувон аз ҷониби ҳакамон, ки раисии онро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ӯҳда доштанд, баҳогузорӣ карда шуд.

         Дар озмун бонувон аз корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро дар номинатсияҳои  зерин нишон доданд:

         1.Навиштани ҳикоя, қисса, монолог, мақола ё иншо дар мавзӯъҳои Модар, Ватан, Зан, Баҳор ва Одоби оиладорӣ.

         2. Қироати  шеър дар васфи “Модар”, “Ватан”, “Зан”, “Баҳор”, “Муҳаббат”.

         3. Буридани  хамир барои таоми миллии “оши бурида”.

         4. Ҳунарнамоии мусиқӣ: сурудхонӣ, рақс ё навозиши асбобҳои мусиқӣ.

         5. Санҷидани истеъдоди ҳунармандии иштирокчиён: дӯзандагӣ, бофандагӣ, мӯйбофӣ ва ғайра, ки аз ҳунарҳои миллӣ мебошанд.

         Натиҷаҳои озмун чунин ҷамъбаст карда шуданд:

         Ҷои якум: Имомалиева Азиза - мудири бахши умумии КВД “Маркази сертификатсиякунонии кору хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт”;

         Ҷои дуюм: Қурбонова Дилором – мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

         Ҷои сеюм: Ақдодова Сулҳия-корманди МД “НАХЛ”, Тиллоева Фарзона-корманди “Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо”,  Музаффарова Марҷона – мутахассиси Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.