• Tajik
  • Русский
  • English

 Санаи 4 марти соли 2021 бо мақсади таъмин намудани омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар ҳузури Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ, вазири нақлиёти кишвар муҳтарам Азим Иброҳим ҷаласаи кории ҳайати тоҷикистонии Комиссия баргузор гардид.

        Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, хадамотҳои гумрук, алоқа, агентиҳои стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозироти савдо, беҳдошти замин ва обёрӣ, авиатсияи гражданӣ, палатаи савдо ва саноат, КВД “Роҳи оҳани Тоҷик”  ва масъулини вазорати нақлиёт иштирок намуданд.

 Раиси комиссияи байниҳукуматӣ қайд намуданд, ки ҳамкориҳои муштарак бо кишвари бо мо дусту наздики Афғонистон фарогирӣ зиёда аз 18 самтҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ буда, аз ҷумла самтҳои маориф, тиҷорат, алоқа, истеҳсоливу саноатӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангиро дарбар мегирад. Ҳамчунин то имрӯз Тарафҳо бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ заминаи устувори меъёриву ҳуқуқиро, ки иборат аз 85 санадҳои дахлдори байниҳукуматии дуҷониба мебошанд, ба имзо расонидаанд.

 Раиси Комиссия иттилоъ доданд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар соли 2020-ум 70 млн. долари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 30 млн. доллари ИМА кам мебошад, ки қобили қабул нест. Имконияту иқтидорҳои ҳарду тараф барои афзун кардани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ вуҷуд доранд ва мо масъулини вазорату идораҳо бояд ин имкониятҳоро самаранок барои манфиати ҳарду кишвар истифода намоем.

 Вобаста ба ин ба аъзои комиссия, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки вазъи кунунии ҳамкориҳои соҳавии Тарафҳоро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва афзун намудани гардиши савдои хориҷии байни ду кишвар пешниҳодҳои мушаххасро барои чораандешӣ ба вазорат ироа намоянд.