• Tajik
  • Русский
  • English

 

Нишасти матбуотии якҷояи  Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ  ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ид ба ҷамъбасти фаъолияти маҷмааи нақлиёт дар соли 2019 рўзи 29 январи соли равон баргузор гардид. Дар нишаст 30 нафар рўзноманигор аз расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҳузур дошта ба саволҳои худ посух гирифтанд. Нахуст вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёрзода Худоёр дар ибтидои нишаст ба таври фишурда аз иҷрои корҳои маҳмааи соҳаи нақлиёти кишвар дар давоми соли 2019 иттилоъ дода, дар мавриди нақшаҳои баъдина сухан гуфт.

Сипас рўзноманигорон ба саволҳои худ ҷавоб аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёт ҷавоб гирифтанд. Намояндагони восиатҳои ахбори омма ои ба мавзуҳои сохтмони роҳи масири Душанбе-Бохтар ва мушкилоти маҷуда дар он, имкон кушодани хатсайри мусофирбарӣ бо қатора дар масири – Душанбе – Бохтар – Шаҳритус, мушкили мусофирон ҳангоми сафар ба Русия тариқи Автобус, сохтмони роҳи нави Оқҷар – Нуробод – Сарҳади – Қирғизистон, овозаи вабои «Коронавирус» ва тасмими вазорати нақлиёт дар пешгирии он, созишномаи миёни Тоҷикистону Афғониистон оид ба сохтмони роҳи оҳан, мушкилот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳангоми ворид шудани мошини боркаш, истгоҳҳоро забт кардани таксиҳо, пешгирии мошинҳои гаронвазн, муносибати Вазорати нақлит бо ширкати IRS? сохтмони пули Кокул руйи дарёи Панҷ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, маблағгузории нақби Истиқлол ва дигар саволҳо воаста ба соҳа ҷавоб гирифтанд.

Вазири нақлиёт аз хабарнигорон хоҳиш ба амал овард, ки ҳангоми чопи маводҳо ва нашри барномаҳо ҳақиқатнигорӣ риоя намоянд.