• Tajik
  • Русский
  • English

 Имруз бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма  нишасти матбуоти баргузор гардид.

 - Амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои соҳа аз лиҳози татбиқи ҳадафи стратегӣ муҳимтарин самт ҳисоб  меёбад. Айни ҳол дар соҳа 15 лоиҳаҳои гуногунсамт ва мухталифҳаҷм бо маблағи умумилоиҳавии 626,2 миллион  доллари амрикоӣ мавриди татбиқшавӣ қарор доранд, - гуфт муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Суҳроб Мирзоев  дар  нишаст . 

 Намояндагони васоити ахбори оммма оид ба масъалањои вазъи роњи Душанбе – Турсунзода – сарњади Узбекистон,  ҳолати ногувори нақби Истиқлол, сохтмону таҳдиди роњ дар ноҳияи Тавилдара, сохтмони роҳи оҳани Туркманистон –  Тоикистон – Афғонистон, дастраскунии маводи сўхти арзон барои тайёраҳо, барқароркунии хатсайрњҳи ширкати            “Истэйр”, ҶДММ “”Эйшн Экспресс Терминал”, барқароркунии  хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Тошканд, тарифҳои  ширакти IRS, вазъи роҳи Айнӣ – Панҷакент, эътирози ронандаҳо  нистбати Маркази сертификатсикунонї, зарари офатњои  табии дар љумњурї ба амаломда ба соҳаи роҳдорӣ, ситондаи  маблағ аз ронандаҳо таксӣ ва ғайра пурсишҳо ба миён  оварданд.

 Суҳроб Мирзоев ва мутасаддиёни маљмааи нақлиёту роҳдорӣ ба саволҳои хабарнигорони воситаҳои хабарӣ ҷавобҳои  қонекунанда доданд.