• Tajik
  • Русский
  • English

      Бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ дар Вазорати нақлиёт нишасти хабарӣ доир гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, муоинони вазир, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони корхонаҳои тобеъи Вазорат аз он ҷумла ХДНТСН ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок доштанд.                            Намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомбилгарди Душанбе – Бохтар, Қалъаихум –Ванҷ, пули Кокул, ҳамчунин интиқоли бору мусофир ҳангоми маҳдудиятҳо дар робита бо пандемияи коронавирус, тадбирҳои вазорати нақлиёт вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус, тартибот дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар масоили марбут ба соҳа ҷавоб гирифтанд.