• Tajik
  • Русский
  • English

   Вазири нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода 14-уми ноябри соли равон бо намояндагони Бонки осиёии Рушд мулоқот доир намуд. Дар мулоқот аз ҷониби Вазорати нақлиёт муовини якуми вазир Суҳроб Мирзоев ва сардори раёсати хоҷагии роҳҳо ва сохтмон И. Раҳимзода, аз ҷониби Бонки Осиёи Рушд  роҳбари намояндагӣ мутахассис оид ба нақлиёт Камел Бухмад, мушовири  калони лоиҳа Джон Куне ва дигар мутахассисон иштирок доштанд.

  Ҷонибҳо рафти татбиқи лоиҳаи Роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон ва масоили ҳамкориҳо оид ба  лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Қӯрғонтеппаро  муҳокима намуданд.

  Дар мулоқот атрофи лоиҳаҳо, ҳамзамон имконоти бештари ҳамдастиву ҳамкориҳо дар  маҷмааи  нақлиёту роҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Намояндагони Бонки осиёии Рушд изҳор доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт корро пеш бурда, дар муддати кутоҳ масъалаҳои пешистодаро ҳал менамоянд.  

  Вазири нақлиёти кишвар аз ҳамкорӣ бо Бонки Осиёи Рушд изҳори қаноатмандӣ намуд ва барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таклифҳои судманд пешниҳод кард.

  Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо  ба хулоса омаданд, ки то ҳафтаи оянда ҷуғрофия масири лоиҳаҳоро муайян намуда, дар мулоқоти оянда баррасӣ хоҳанд кард.