• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол”, ки минтақаҳои марказ ва ҷануби Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, бо ба итмом расонидани корҳои бозсозӣ нисбати бастани маҷрои об ва бетонрезии фарши роҳ, дубора ба роҳ монда шуд.

Корҳои беҳтарсозии равшанамоӣ ва ҳавотозакунӣ дар нақб идома дода мешавад.