• Tajik
  • Русский
  • English

    Бо сабаби оғози корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” аз 23 июн то 31 октябр ҳаракати нақлиёт таввасути нақб пурра  маҳдуд шуда, фақат аз соати 22-и шаб то 6-и субҳ барои равуои нақлиёти гаронвазн боз хоҳад буд.

    Бо ин реҷа дар рӯзҳои ҷуфт аз ҷониби шимол ба ҷануб  ва дар рӯзҳои тоқ  аз ҷониби ҷануб ба шимол ҳаракати  нақлиёт тавассути нақб иҷозат дода мешавад. Ҳаракати нақлиёти сабукрав  тариқи нақби “Истиқлол” маҳдуд гашта, бо роҳи ағбаи Анзоб сурат мегирад. Дар соатҳои дигар дар нақб корҳои таъмиру бозсозӣ ҷараён мегиранд.

    Ин тадбир танҳо ба хотири зудтар анҷом  додани корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” роҳандозӣ гардидааст.