• Tajik
  • Русский
  • English

   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои зиёд дар ҳамаи соҳаҳо татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ ва маблағгузории бонкҳои ҷаҳонӣ ва шарикони рушд, бахусус Бони Осиёии Рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷид ва Руш,  Бонки Исломии Рушд, Фонди Қувейтии Рушди иқтисодии Араб, Фонди Оғохон, Фонди ОПЕК, Фонди саудии Рушд, Фонди Абудабӣ, ширкатҳои роҳсозии Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва ғайраҳо сохтмону таҷдиди як қатор иншооти роҳу нақлиёт  мавриди истифода қарор гиифта, сохтмону таҷдиди  дигар иншоот идома дорад.  

  Ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд (БОР) имрўз ҳам дар ҷараён аст. Бояд қайд кард, ки мушкили ҳаракти нақлиёт ва танбашавӣ дар роҳҳо, ки ҳамасола ҳангоми оғози таҳсил дар макотиби таҳсилоти олӣ ва миёна зиёд мегардад. Ин мсъала солҳои охир мавриди таҳлили  масъулини соҳа ва мақомти шаҳри Душанбе қарор дошта, барои танзими ҳаракати нақлиёти пойтахт ва бартараф кардани ин мушкилот пайваста аз ҷониби Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва Вазорати нақлиёт тадбирҳо андешида мешаванд.

  Дар ин иртибот роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо намояндагони БОР мулоқот намуда, ҷузъу омилҳои ташаккулдиҳанда ва таҳияи лоиҳаи муфассали нақлиёти шаҳриро мавриди муҳокима қарор доданд ва бонк омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ баён намуд ва иттилоъ доданд, ки омодаанд барои таъмини инфрасохтор, рушди нақлиёти пойтахт ва беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётии шаҳрӣ дар соли 2022 низ кумак хоҳанд кард. Масъалаи мазкур айни ҳол мавриди барррасӣ қарор дорад.

  Бояд қайд кард, ки дар доираи ҳамкорӣ ва дастгириҳои молиявии Бонки Осиёгии Рушд солҳои охир дар кишвар иншооти зиёди аҳамияти стратегидошта мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла бо дастгирии молиявии Бонки мазкур дар соҳаи нақлиёту роҳ дар доираи Ҳамкориҳои Иқтисодии Минатқавии Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои зиёд татбиқ гардида, роҳҳо ва пулҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ таҷдид гардидаанд ва татбиқи як қатор лоиҳаҳо идома доранд.

  То имрўз 12 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт амалӣ гардидаанд, ки дар татбиқи онҳо саҳми БОР 80 назаррас аст.

   Айни ҳол аз тарафи БОР ду лоиҳа мавриди татбиқ қарор доранд, ки саҳми БОР дар онҳо 157 миллиону 200 ҳазор доллар мебошад. Инҳо таҷдиди роҳи автомбилгарди  Душанбе-Бохтар  марҳилаи 1 ва 2 бо дарозии 75 километр ва татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомбилгарди Обигарм – Нуробод, қитъаи 1 мебошанд.

  Ҳамчунин дар доираи маблағгузории лоиҳаи Рушди устувори шабакаи роҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татҷдиди роҳи автомбилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Данғара ва Данғара – Оқмазор ба малағи 67, 49 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.

  Вазорати нақлиёт аз ҳамкорӣ бо бонкҳои зикргардида қаноатманд буда, дастгириҳои БОР ва кулли шарикони рушд барои пешравии кори соҳа  миннапазирии худро арза дошта, изҳор медорад, ки саҳми онҳо барои  ноил гардидан ба дастоврдҳои боз ҳам бештар мусоидат хоҳад кард.