• Tajik
  • Русский
  • English

    Рўзи 23 –уми сенетябри соли равон дар Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт бо иштироки вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи ситод оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид. 

     Дар ҷаласа масоили омодагии МДНРА-ҳои минтақаи Рашт ба зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 мавриди муҳокима қарор гирифт.

    Нахуст,  вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҳозиринро бо 30-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои дар даврони Истиқлол бадастомадаи соҳа бо қанонатмандӣ ҳарф зада, аз заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат барои ба даст овардани озодиву осудагии кишвар мисолҳо овард. Ба роҳдорон, ки шабонарўзӣ дар сари роҳ қарор доранд, то роҳҳо пайваста кушода бошанд, ташаккур баён намуд.

   Сипас, вазири нақлиёт ҳозиринро аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2021 бо №101 ва фармоиши Вазорати нақлиёти ҶТ № 82 аз 29. 04.2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва бурду бохти корашон пурсон шуда, ба онҳо супориш дод, ки тибқи нақшаи муайянгардида маводи зидди лағжишиш, ангишт, ҳезум ва сузишвории дизелиро пурра дар анборҳои МДНРА-ҳо захира намоянд. Дар сурати иҷро нагардидани нақшаи зимистонгузаронӣ нисбати сардорони МДНРА-ҳо чораҳо андешида мешаванд.

   Вазири нақлиёт ҳамчунин таъкид намуд, ки масъулини МДНРА-ҳо бояд оид ба корҳои таъмирӣ дар ҳар даҳруза маълумоти дақиқ ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намоянд.